Савганди садоқати Хайруллоев ба Эмомалӣ Раҳмон

Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми ноябр, дар ҳузури 5 ҳазор низомӣ дар майдони марказии Дӯстии шаҳри Душанбе қасам ёд кард, ки низомиён ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ содиқ хоҳанд буд.
Хайруллоев қасам ёд кард, ки Сарқонун, қонунҳои Тоҷикистон ва амру фармонҳои Эмомалӣ Раҳмонро бечунучаро иҷро карда, ҳушёриро аз даст нахоҳанд дод. Вазири мудофиа бо ваъдаи ҷонфидоии низомиён барои ҳифзи марзу бум ва сохти конститутсионии Тоҷикистон таъкид намуд, ки агар савганди имрӯз ёдкардаашонро шикананд, бигзор ба нафрати халқ гирифтор шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ кормандони сохторҳои қудратиро ба ҳифзи исиқлолият, сулҳу оромӣ даъват намуда, ваъда дод, ки талошҳоро барои беҳбуди шароити кору зиндагии низомиён бештар хоҳад кард.
Пас аз ин бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар аз Вазорати мудофиа, Кумитаи амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар маркази Душанбе гузашти ҳарбӣ сурат гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |