Остона: Панҷ рӯзи эътирози болои крани ду зан ҳам фоида накард

Ду сокини шаҳри Остона, ки бо нишони эътироз дар болои кран панҷ рӯзро сипарӣ карданд, билохира аз он поин шудаанд.
Тавре бахши қазоқии радиои “Озодӣ” хабар додааст, ин ду зан шаби 15 ба 16-уми ноябр ба эътирози худ хотима додаанд. Хоҳарон Сандугаш Серикбоева ва Уюм Жолдасбоева алайҳи нақшаи мақомот, ки мехоҳанд манзилеро ки дар он ду оилаи иборат аз 13 нафар зиндагӣ мекунад, тахриб кунанд. Чунин як иқдоми эътирозиро онҳо шоми 10 ноябр шурӯъ карда буданд.
Оранқул Кендербоева, як хеши эътирозгарон гуфтааст, ки мақомоти маҳаллӣ Сандугаш ва Уюмро розӣ кунондаанд, ки ба эътирози худ хотима бахшанд. Аммо гуфта мешавад, баъди аз кран поин шудан онҳо бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд. Сипарӣ кардани панҷ шабонарӯз дар сардӣ ва асосан бидуни ғизову нушокӣ ба вазъи сиҳатии онҳо таъсири манфӣ расондааст.
Аммо бино ба иттилои расида, худи ҳамон шаб мақомот афроди дар манзили онҳо бударо аз хона берун кардаанд. Ин манзил расман ба Сандугаш Серикбоева таалуқ доштааст ва хоҳари ӯ - Уюм Жолдасбоева бо нишони ҳамрайъӣ ба ин эътироз пайвастааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |