Генерал Зоиров дар бораи амалиёти “Молния” ва ошкори 111 гуруҳи ҷиноӣ

Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар даҳ соли охир зиёда аз даҳуним ҳазор (10 878) ҷиноят ошкор карда, 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 451 нафарро, ки 2414 ҷиноят содир кардаанд, ошкор намудааст.
Ҷурахон Зоиров, генерал майори милитсия, 15-уми ноябр, бахшида ба рӯзи таъсисёбии раёсати мазкур, гуфт, «ҷиноятҳои муташаккил дар ҷомеаи имрӯза, яке аз омилҳои хавфноки олами ҷиноӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар, ба яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубаддал гардидааст».
Ҳамчунин генерал аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, афзудааст, ки «соли 2001 кормандони Раёсат дар амалиёти махсуси «Молния» оид ба безарар гардонидани гурӯҳҳои бандитӣ таҳти роҳбарии Сангинов Раҳмон, Муаккалов Мансур, Тағоев Сафар ва дигарон, ки садҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз қабили кушторҳо, ғасби гаравгон, роҳзанию ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ дар минтақаи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва шаҳри Душанбе содир намуда буданд, фаъолона иштирок намуда, дар маҳвсозӣ ва дастгир намудани аъзоёни ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ саҳми арзанда гузоштаанд».
Генерал-майори милитсия Ҷурахон Зоиров афзудааст, ки айни ҳол терроризм, экстемизми динӣ, хариду фурӯши одамон ва ҷиноятҳои кибернетикӣ ба яке аз мушкилтарин проблемаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст: "Муқовимат бар зидди ин падидаҳои номатлуб яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ, пеш аз ҳама бар души Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ вогузор карда шудааст."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |