Савгандхӯрии Раҳмон ба рӯзи 21-умин солгарди Иҷлосияи 16-ум рост омад (АКС)

Имрӯз, 16-уми ноябр, маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон баргузор мегардад, ки ба 21-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост меояд.
Маҳз 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ карда буд, ки бо раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шудаани Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Инак пас аз 21-соли расо Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, дигарбора зимоми қудратро дар Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда ба даст хоҳад гирифт.
Интизор меравад, ки пас аз маросими савгандёдкунии Раҳмон дар ҳузури намояндагони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, ӯ ба майдони Дӯстии Душанбе раҳсипор шавад ва дар ин ҷо гузашти ҳарбии беш аз 5 ҳазор корманди ниҳодҳои қудратиро назорат хоҳад кард.
Ҳаракат имрӯз дар маркази Душанбе манъ буда, донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ба кӯчаҳо рехтаанд. Одил, як донишҷӯи соли сеюм дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муаллимҳо дар донишгоҳ таҳдид намуданд, ки дар сурати ҳозир нашудан ба истиқболи президент аз донишгоҳ хориҷ хоҳанд шуд: “Мо аз ду тарафи роҳ истода, вақти гузаштани президент парчамафшонӣ мекунем.”
Дар ҳамин ҳол тадобири шадиди амниятӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯён боиси он шудааст, ки дар марказ гаштугузор мушкил шуда, бархе аз коргарон натавонистанд, саривақт ба ҷои кор ҳозир шаванд. Ғанӣ, як сокини Душанбе мегӯяд, 1,5 соат боз саргардон аст, лекин то ҳол натавонистааст, аз маҳаллаи Қара боло ба корхонааш, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода воқеъ аст, ҳозир шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |