Интихобот баргузор шуд, ё нашуд? Баҳси Зоиров ва КМИР дар додгоҳ
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), рӯзи ҷумъаи 15 ноябр аз болои Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд.
Ӯ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, алакай аризаи худро ба додгоҳ супурда, тақозо кардааст, КМИР ҳузури 93 дарсади раъйдиҳандагон дар интихоботи 6 ноябрро бо санадҳо исбот намояд. Оқои Зоиров афзуд, “аризаи мо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи афроди қобили раъй ва беэътибор донистани интихоботи президентии Тоҷикистон мебошад.”
Раиси ҲСДТ қаблан бо пахши як изҳорот интихоботи 6 ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, анҷомид, баргузорнашуда эълон намуд. Вай гуфта буд, таҳлили дақиқи омори воқеӣ ва шароити баргузории интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, натиҷаи назорати интихобот чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, аз он шаҳодат медиҳад, ки интихоботи президентии 6 ноябри соли 2013 баргузор нашудааст.
Вай мӯътақид аст, дар интихоботи президентии ахир, камтар аз 33%-и овоздиҳандагон иштирок намудаанд: “Ин дар ҳолест, ки агар ин нишондод ба 50%-и овоздиҳандагони дохили кишвар баробар бошад, шумораи овоздодагон дар берун аз Тоҷикистон 5%-ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки тибқи қисми якуми моддаи 66 Конститутсияи Тоҷикистон, ки иштироки беш аз нисфи интихобкунандагонро талаб мекунад, интихоботи президентӣ баргузор нашуд.”
Аммо Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи президентии 6 ноябрро баргузоршуда эълон намуда, таъкид медорад, ки дар он беш аз 90 дарсади интихобкунандагон ширкат намуда, 84,23 дарсади овозҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, соҳиб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |