Бахшҳо
15 ноя 2013 10:19Тоҷикистон / Сиёсат

Бобоназарова: Президент ҳамавақт ба саволу ҷавоб омода бошад

Дар пасманзари ин эълон, ки имсол ба маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, сарони давлатҳои хориҷӣ даъват нашудаанд, “Озодагон” суол гузошт, ки чаро ашхоси мӯътабар имсол даъват нашуданд?

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, роҳбари созмони “Перспектива Плюс”:

“Ин навбат рафтори раисиҷумҳур аз президенти қаблӣ фарқ мекунад. Ҳар вақте интихобот буд, президент каме сӯҳбат мекард. Ин дафъа ин корро анҷом надод. Аҷиб аст. Чун одатан сӯҳбат бо мардумро президент дӯст медошт. Намедонам, чаро замони овоздиҳӣ ин дафъа сӯҳбат наоростанд. Шояд фикр карданд, ки дар мавриди интихоботи шаффоф саволҳое мешавад. Ба ҳар ҳол даъват нашудани сарони давлатҳо кори хуб нест ва саволҳоеро ба вуҷуд меорад. Чаро то ин вақт даъват мекарданд, акнун не? Ин чӣ маъно дорад? Фикр мекунам, ҳамаи кор бояд шаффоф бошад. Баъзе хусусиятҳое ҳаст, ки президент бояд онро аз даст надиҳад. Барои мисол, сӯҳбат бо мардум. Агар ҳамин аз даст равад, дигар чӣ мемонад? Ҳар президенте, ки сари қудрат омад, бояд шаффоф бошад. Барои ҳаргуна саволу ҷавоб омода бошад.”

Сӯҳроб ШАРИФОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:

“Даъват шудан ё нашудани ашхоси баландпоя, ин масъалаи шакли баргузории ҳамон чорабинӣ мебошад. Мо бояд бубинем, ки дар “протокол” баргузории маросими савгандёдкунӣ чӣ гуна дарҷ гардидааст. Кӣ ширкат кунад, кӣ бояд даъват шавад, ҳамаи инро дар асоси қонун муайян мекунанд. Тибқи қонунгузорӣ президент метавонад, танҳо дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қасам ёд кунад. Формати савгандёдкунӣ ҳар вақт ҳар гуна аст. Агар сифр протоколӣ бошад, ба ҷуз аз вакилони парлумон касе даъват намешавад.”

Вафо НИЯТБЕКОВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:

“Дар умум, даъват накардани ашхоси баландпоя ҳам як меъёри маросими савгандёдкунист. Агар мо назаре ба таҷрибаи дигар кишвар андозем, мебинем, ки онҳо ҳам даъват намекунанд. Барои мисол, қасамёдкунии президенти тозаинтихоб дар Гурҷистон. Ин навбат хеле содда баргузор гардид. Дар бештар маврид давлатҳо аз худнамоишдиҳӣ даст мекашанд. Инҷо набояд ангезаи сиёсӣ ҷуст.”
Мӯҳр
в
Хамон чор лаганбардорро даъват кунанд бехтар мешавад ми? Хуб шуд ки даъват накарданд он бо ном "муътабархоро".

Хамин чаноби Сухроб вакили парлумон акнун конун дон шуд. То ин вакт кучо буди конундон?

Ilyas
Рахмдил,
акаи Рахмдил ин чаноби Сухроби гуфтагии худут ду пагонахай ))) тарозу кадом тарафе фазнини кард хамон тараф мегузарада :)

барои олим буданут гап надорум некем ин масалахора дар кор шава 60 намуди дигаришам медони чош биёя бад меги ха акаи сухроб.

али
Инбародар Сухроб ин дафа баъди интихобот хокзаниро бо хрфи калон сар кард.наход ту олим бошию хамин гуна рафтор куни.на дар олиму на дар оми дигар номус намондааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)