Боздошти “муллои ҷинбарор” ба иттиҳоми қатли Руҳуллоҳи 19-сола
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як “муллои қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми куштори як муштарияш дастгир кардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Абдулвоҳид Қодирови 49-сола, сокини ноҳияи Панҷ, дар қатли Руҳуллоҳи 19-сола, гирифтори бемории руҳӣ гумонбар дониста мешавад. Абдулвоҳид Қодиров сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, аз соли 2008 инҷониб ҳамчун табиби мардумӣ ё муллои қасидахон фаъолият доштааст.
Ба гуфтаи мақомот, Қодиров рӯзи 5 июни соли ҷорӣ ҳангоми хондани Руҳуллоҳи 19-сола ба хотири баровардани ҷинҳо аз бадани бемор бо истифода аз корди худ зери лабу даҳони ӯро буридааст, ки дар натиҷа Руҳулло ба ҳолати шоки садамавӣ дучор шуда ба ҳалокат мерасад.
Вале худи Қодиров гуфтаҳои масъулини умури дохилиро рад карда, гуфтааст, ман бадани беморро чок накардаам: “Ман ба бадани Руҳулло танҳо кордро ҳамин тавр мондаву гирифтаам, бадани ӯро набуридаам. ”
Инчунин, мақомот афзуданд, ин сокини ноҳияи Панҷ барои баровардани ҷинҳо аз даруни Руҳулло бо 7 шохаи дарахт то шикастанашон ба бадани бемор задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иброз медорад, пайвандони Руҳулло ҳангоми шустани ҷасад дар бадани ӯ захми кордро низ мушоҳида кардаанд. Тибқи иттилои манбаъ алайҳи муллои қасидахон бар асоси моддаи 210-и қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар гузашта низ кормандони умури дохилии Тоҷикистон Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лӯчоби пойтахтро, ки маъруф бо номи “муллои ҷодугар” аст боздошт карданд. Асадулло Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муттаҳам мешавад.
Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябри соли ҷорӣ дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане, ки аз ӯ Зулола Раҳимова ном бурда мешавад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |