Ҳамлаи хакерҳо ба расонаҳои инъикоскунандаи ахбори Узбакистон
Бархе аз расонаҳои хабарии инъикоскунандаи ахбори кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон мавриди ҳамлаи хакерҳо қарор гирифтаанд.
Корбарони интернет мегӯянд, аз субҳи 14 ноябр ворид шудан ба баъзе аз расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла “Сентразия.Ру”, “Озодлик”, “Фергана.Ру” ва “Узметроном” маҳдуд шуда буд.
Ба иттилои расонаи хабарии “Фергана” дастрасӣ ба се торнамои аввал баъд аз чанд муддат дубора имкон шудааст. Вале ҳангоми омода шудани ин хабар, ҳанӯз ҳам ворид шудан ба “Uzmetronom.Com” ғайриимкон буд.
Бояд гуфт, мавриди ҳамлаи хакерҳо қарор гирифтани расона ё торнамоҳо таҷрибаи нав нест, бештар бо ин мушкил расонаҳои мустақил, ки дар онҳо матолибе дар бораи камбуд ва қонуншиканиҳои мансабдорон ё ҳукуматдорон ба табъ мерасад, рӯбарӯ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |