ВКД: Рӯзи савгандхӯрӣ ҳаракат ва гузоштани мошин дар маркази Душанбе манъ аст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 16-уми ноябр, дар рӯзи савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоб ҳаракат ва гузоштани мошинҳо дар хиёбони марказии пойтахт манъ хоҳад буд.
Ин ниҳод мегӯяд, 16-уми ноябр, аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Карамов сар карда, то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаи Бухоро, нигоҳдорӣ ва таваққуфи ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар назди биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо, ки ҳамшафати роҳи автомобилгарди хиёбони Рудакӣ мебошанд, манъ карда мешавад.
Инчунин Вазорати умури дохилӣ ба самъи сокинони Душанбе мерасонад, ки вобаста ба баргузоршавии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, рӯзи 16 ноябри соли равон аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо харакати мошинҳо дар минтақаҳои зерини кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, манъ карда мешавад:
- хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро;
- хиёбони И.Сомонӣ аз чорроҳаи И.Сомонӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи И.Сомонӣ-Ҳ.Шерозӣ;
- кӯчаи Шероз аз чорроҳаи Шероз-И.Сомонӣ то чорроҳаи Шероз-Бухоро;
- кӯчаи Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз майдони Дустӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шевченко-Бухоро;
- кӯчаи Л.Шералӣ аз чорроҳаи Л.Шералӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи Л.Шералӣ-М.Турсунзода;
- кӯчаи Ф.Ниёзӣ аз чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-Шероз то чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-М.Турсунзода;
- кӯчаи Саид Носир аз чорроҳаи Саид-Носир-Рӯдакӣ то чорроҳаи Саид Носир-Ҳ.Шерозӣ;
- кӯчаи Шоҳтемур аз чорроҳаи Шоҳтемур-Шероз то чорроҳаи Шоҳтемур-М.Турсунзода;
- кӯчаи Шотта Руставели аз чорроҳаи Шотта Русатавели- Рӯдакӣ то чорроҳаи Шотта Руставели-Бохтар;
- кӯчаи Теҳрон аз чорроҳаи Теҳрон-Шероз то чорроҳаи Теҳрон-Бохтар.
Рӯзи 16-уми ноябр маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи муштаракаи ду палатаи парлумони кишвар дар назар буда, баъди он дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази Душанбе паради ҳарбӣ баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |