Боздошти як тоҷик дар Маскав ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб ат-Таҳрир"

Пулиси Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар яке аз созмонҳои мамнуи динӣ-ифротӣ боздошт кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Русия, ин шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони байналмилалии динӣ-ифротии “Ҳизб-ут-таҳрир” муттаҳам мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, табааи Тоҷикистон дар авохири моҳи сенбяри соли ҷорӣ ба намозгузорони яке аз масоҷиди Маскав адабиёти динӣ-ифротӣ ройгон тақсим карда, талош кардааст, диққати онҳоро ба узвияти ин ҳаракати мамнуи исломӣ ҷалб кунад. Пулиси Маскав мегӯяд, шахси гумонбар қаблан аз Русия ихроҷ шуда буд. Вале ӯ бо тағйири ҳуҷату шиноснамаи хеш дубоар ба вуруди қаламрави ин кишвар даст ёфтааст. Дар бораи ному насаби шахси айбдор шаванда маълумоте оварда нашудааст.
Вазорати умури дохилии Русмия мегӯяд, ин бори аввал нест, ки як шаҳрванди хориҷӣ ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мануъ дар хоки ин кишвар боздошт мешаванд: ”Қаблан низ як шаҳрванди Қирғизистон дар масҷиди мазкур ба иттиҳоми узвият дар “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт гардида буд, ки ба таври ройгон ва ошкоро ба намозгузорон адабиёти динӣ-ифротӣ тақсим мекард.”
“Ҳизб-ут-таҳрир” як созмони байналмилалии исломии мамнуъ ба шумор меравад, соли 1950 дар Фаластин ташкил шудааст. Ба иттилои манобеи хабарӣ ҳадафи аслии пайравони ин ҳаракат таъсиси хилофат бар асоси рукунҳои исломӣ мебошад. “Ҳизб-ут-таҳрир” дар қаламрави Русия ҳамчун созмони динӣ-ифротӣ шинохта шуда, аз оғози соли 2003 то кунун фаъолияти он дар ин кишвар мамнуъ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |