Хонанда: “Оқилов, Қосимов, Алимардонов... Хайруллоев, Афзалов... бираванд”

Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳукумати кишвар баъд аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб ба истеъфо хоҳад рафт. Бино ба иттилои мақомот, ин маросим 16 ноябр, дуруст баъд аз ҳамагӣ як рӯзи дигар баргузор мешавад.
Коршиносон дар гузашта ҳадс мезаданд, ки баъд аз интихоботи президентӣ дар мақомоти раҳбарикунандаи кишвар тағйироти ҷиддии кадрӣ ба вуқуъ мепайвандад. Онҳо бештар ба синну соли бархе аъзои ҳукумат ишора мекарданд, ки аз марзи нафақа гузаштаанд. Дар робита мо ҳам суолеро бо хонандаҳо дар миён гузоштем. Аз онҳо пурсидем, “ба андешаи Шумо, кадоме аз аъзои ҳукумати феълӣ ба ҳукумати “нав” меравад ва киҳо ба истеъфо? Кӣ дар вазифааш мемонад ва кӣ вазифаи нав мегирад?”
Пешгӯиҳо ва андешаҳои хонандагони мо хеле ҷолиб аст. Инак, қабл аз он ки ҳукумат ба истеъфо равад, ин навиштаҳоро ба таври мухтасар хулоса мекунем.
Алим, як хонандаи сомона навиштааст, “Раҳмон дар ин масъала интихоби калон надорад. Албатта, ин дафъа тағйироти шумории кадрҳо назаррас хоҳад буд, вале интихоб чӣ гуна хоҳад буд?” Ба андешаи ӯ, нахуст раҳбари давлат афроди солхӯрдаро бо нафарони нисбатан ҷавон иваз ва шояд як-ду нафари дигарро новобаста аз синнашон аз вазифа озод мекунад: “Дар интихоби кадрҳои нав ӯ маҷбур хоҳад буд аз ду роҳ якеро интихоб кунад: Якум ба вазифаҳо одамони "худӣ"-ро, ки ба онҳо эътимод дорад, гумоштан. Дар ин ҳолат сифати тахассусии номзадҳо ба маротиб пасттар хоҳад шуд ва ин боиси боз ҳам паст шудани эътибори ҳукумат хоҳад гашт; Дувум интихоб аз рӯи сифатҳои тахассусии номзадҳо. Дар ин ҳолат ӯ ҳарос дорад, ки ин мутахассисон дар бисёр маврид метавонанд то ҳадде аз контрол бароянд во боиси эҷоди хатар барои ҳукумат гарданд. Аз ин рӯ, ин муҳлат аз ибтидо барои Раҳмон "сайругашти" сабук нахоҳад буд. Интизор мешавем. Ман мутмаинам, ки Раҳмон роҳи якумро интихоб хоҳад кард ва мо шоҳиди зуҳури ЗБС (Зуҳуров Бек Сабурович)-ҳои нав хоҳем шуд”.
Бахти Раҳмон, як хонандаи дигари “Озодагон” навишта, ки бояд тамоми мансабдорони сатҳи боло иваз шаванд: “Лек онҳо бо нияти худ аз курсии дӯстоштаашон ба истеъфо нахоҳанд рафт. Агар ҷаноб хешу ақрабо нагӯяд, ин корро ба анҷом мерасонад. Асосан вазири саноат ва энержӣ ва вазири алоқаю амсоли онҳоро пурра нав кардан зарур барои пешрафти ҷумҳурӣ, то ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор нагардем”,-хулоса кардааст ин шарҳнавис.
Қурбон андешаи худро дар як ҷумла хулоса кардааст: “Ба андешаи ман, касе, ки дар вазифааш ҳаст, мемонад, ба ҷуз касоне ки дар интихобот Раҳмонро тарафдорӣ накарданд”.
Як корбари дигар бо номи “Ман” ҳам тақрибан бо Қурбон ҳамфикр будааст: “Фикри банда ин аст, ки ҳамон аъзои пешини ҳукумат боқӣ мемонанд ва шояд ҷояшон иваз шаванд, аммо ба истеъфо рафтанашон дар гумон аст. Ва онҳое, ки камакак "бегона"-анд, шояд аз вазоиф сабукдӯш шуда, нафарони "худӣ" ҷойнишини эшон шаванд”.
Ҷаҳонгир бар ин назар аст, ки аъзои ҳукумати навро наздикони президент ташкил хоҳанд дод. “Танҳо "рокировка"-и курсиҳои нишаст дида шуда, шахсони босавод ва ҷавон ба кор гирифта намешаванд. Чунки ба онҳо "боварӣ" нест”,-менависад ин нафар. Шарҳнависи дигар бо номи Умед гуфта, ки мехоҳад, ҳамаи вазирон ҳамроҳ бо муовинҳояшон иваз шаванд, аммо вазифаи нав нагиранд. “Мисол мегирем, Алимардонов 15 сол дар системаи бонк кор кард. Вазифаи нав доданд- бахши кишоварзӣ. Вай 15 сол дар системаи бонк кор кардааст, кишоварзиро чӣ мефаҳмад?”
Абдушофеъ навиштааст, “кадрҳои болаёқат ва сиёсатмадорони барҷаста дар кишвар басо зиёданд, вале бадбахтона дар интихоби кадр нахуст масъалаи минтақа ва авлод ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар минтақа ва авлод ба ҷуз онҳое, ки имрӯз дар сари қудратанд дигар муттахассисе вуҷуд надорад. Кадрҳои дигар бошанд, аз рӯи тақсимоти худиву бегона ба рӯйхати бегонагон гузаштаанд. Барои ҳамин ҳам ба фикри банда тағйироти ҷиддие дар ҳукумат рух нахоҳад дод”.
“Тоҷик” гуфта, ки Оқилов, Қосимов, Алимардонов, Хайруллоев, Асрорӣ, Афзалов, Изатулло Шарипов ва мушовирони президент ба истеъфо фиристода шаванд. Аммо то куҷо ин пешгӯиҳои хонандагони мо амалишавандаанд, вақт нишон хоҳад дод. Интизор мешавем!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |