Бозҷӯии ронандае, ки дар Кӯлоб занеро пахш карда, фирор намудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, як ронандаеро мавриди бозҷӯӣ қарор додааст, ки дар шаҳри Кӯлоб зани 37-соларо пахш намуда, фирор кардааст.
Ба иттилои манбаъ ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар кўчаи Нонбои поён, аз самти марказ ба самти хиёбони И.Сомонии шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тешаева Гулдаста Чилаевна, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминободро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст: “Дар натиҷа пиёдагард Тешаева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”
Ин ниҳод мегӯяд, барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |