МҚҶ-2014: Мексика ва Уругвай ба дарвозаи ҳариф панҷ голӣ заданд
Тими миллии Мексика оид ба футбол дар бозии иловагии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 ба дарвозаи ҳарифаш – яккачини Зеландияи Нав панҷ туб зад.
Ин бозӣ рӯзи гузашта дар Мехико баргузор шуд ва 5:1 поён ёфт. Мексика дар даври интихобии минтақаи Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ ва кишварҳои соҳили Қариб мақоми чорумро касб намуд. Зеландияи Нав бошад, ғолиби минтақаи Океания шуд.
Рӯзи гузашта ҳамчунин боз як дидори иловагии МҚҶ-2014 баргузор шуд. Уругвай, ки дар гуруҳи интихобии Амрикои Ҷанубӣ панҷум шуд, ба дарвозаи яккачини Урдун (дастаи панҷуми минтақаи Осиё) панҷ голи беҷавоб зад.
Бозиҳои ҷавобӣ 20 ноябр дар Зеландияи Нав ва Уругвай мегузаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |