Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кард: Бензин арзон мешавад?

Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия оиди лағви боҷи содиротӣ зимни интиқоли маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон аз рӯзи 12-уми ноябри соли равон мавриди иҷро қарор гирифт.
Сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия, 12-уми ноябр матни созишномаи Тоҷикистону Русия дар бахши маводи сӯхтро нашр намуда, таъкид намудааст, ки ин созишнома муваққатан аз рӯзи нашраш мавриди иҷро қарор мегирад.
Тибқи ин созишнома Русия уҳдадор мешавад, ки аз маводи сӯхт, ки ба Тоҷикистон равона шудааст, боҷи содиротӣ наситонад. Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки маводи сӯхти тариқи имтиёз гирифтаашро ба кишварҳои сеюм содир накунад. Дар созишнома омадааст, ки дар сурати ошкор шудани содироти сӯзишвории Русия ба кишвари сеюм, ҷониби Русия огоҳинома мефиристад ва давоми ду моҳ ҳақ дорад, созишномаро яктарафа қатъ кунад.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол аз ҳар тонна маводи сӯхти Русия зимни интиқол ба Тоҷикистон ҳудуди 300 доллар боҷи содиротӣ ситонда мешуд. Гуфта мешавад, тибқи қонунҳои бозор акнун баъди лағви боҷи содиротии Русия нархи маводи сӯхт бояд дар Тоҷикистон ҳудуди 1,5-2 сомонӣ арзонтар шавад.
Мақомоти Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010-ум ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудан ҷорӣ карда, ҳаҷми онро ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон пасту баланд мекарданд ва ниҳоят баъди гуфтушуниди сесола лағв намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |