Модари Баҳромиддин: "Писарам пеш аз маргаш гуфт, ӯро сахт латту кӯб карданд" (ВИДЕО)
Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баҳси рӯёндани 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн аз Вазорати умури дохилӣ ба нафъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиевро, ки ду соли пеш дар пайи боздошти маъмурони пулис фавтида буд, то 18 ноябр ба таъхир гузошт.
Ҳотамҷон Раҷабов, раисикунандаи мурофиа, рӯзи 13 ноябр ба хабарнигорон гуфт, ба далели омода набудани ҷониби ҷавобгар, яъне ҳафт маъмури пулис, чунин тасмим гирифта шудааст. Рӯзи 12 ноябр низ ба далели омода набудани намояндаи додситонӣ ин баҳс баргузор нашуда буд. Чунин кашолкориҳо Ниёзбӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиевро, сахт нигарон сохтааст. Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “бо таваҷҷуҳ ба чунин бархӯрду амалкард ба ҳукми одилонаи додгоҳ нисбат ба ин қазия бовар надорам”.
Хонум Бӯриева афзуд, фарзандаш дар натиҷаи латту кӯби маъмурони пулис ҷон бохта ва ҳоло, ба қавли ӯ, омилони марги писараш мехоҳанд бо ҳар баҳона аз ҷавобгарӣ раҳо шаванд. Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи Боло ҷон дод.
Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ дар пайи зарбу латти маъмурони пулис сахт маҷруҳ шуда, баъдан аз дунё даргузашт. Вале мақомот ин иддаоро рад карда мегӯянд, оқои Шодиев талош карда буд, худро аз ошёнаи дувум ба зер андохта, ҳамин тавр, аз боздошт ва ҷавобгарӣ озод шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |