Дар охир... ба Раҳмон 84,23... ба Исмонов 1,05% овоз расид

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми ноябр натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раисиҷумҳурро, ки 6-уми ноябр баргузор гардид, эълон намуд.
Ба иттилои ин ниҳод миёни 6 номзад, ки дар бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба таври зайл тақсим шуданд:
1. Бобоев Олимҷон, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143231 нафар ё 3,82%;
2. Бухориев Толибек Аҳмадович, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168313 нафар ё 4,49%;
3. Ғаффоров Абдуҳалим, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, тарафдор 55516 нафар ё 1,48%;
4. Исмонов Саидҷаъфар Исмонович, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39334 нафар ё 1,05%;
5. Талбаков Исмоил Иброимович, номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, тарафдор 184653 нафар ё 4,93%;
6. Эмомалӣ Раҳмон - номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тарафдор 3 миллиону 157 ҳазору 253 нафар ё 84,23%.
Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, ҳамин тариқ Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
КМИР инчунин ҳисоб кардааст, ки дар маҷмуъ аз 4 миллиону 201 ҳазору 156 интихобкунандаи сабтшуда дар Тоҷикистон, дар интихоботи 6-уми ноябр 3 миллиону 787 ҳазору 703 нафар иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |