Адвокат: "Бадани Умедҷонро бо латтаи тар печонда, баъд барқ гузоштаанд"

Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев – сокини шаҳри Исфара ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешавад, танҳо пас аз 11 рӯзи боздошташ тавонист бо ӯ дидор кунад.
Оқои Дониёров дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин дидор соати сеи баъд аз зӯҳри 13 ноябр сурат гирифта, вазъи нафари таҳти ҳимояташ вахим аст: “Ҳарду пои Умедҷон Тоҷиев шикастааст ва роҳ гашта наметавонад. Ӯро барои вохӯрӣ маъмурони СИЗО (боздоштгоҳи муваққат) болои занбар ба назди мо оварданд.”
Ин вакили мудофеъ афзуд, Умедҷон Тоҷиев ҳама гуна иттиҳомоти мақомот дар баробари худро рад карда, гуфтааст, дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шуд, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид кард вакили мудофеъ.
Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, ҳамагӣ чанд рӯзи пеш аз беморхонаи Исфара ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт. Ӯ 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ айбдор гардид. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.
Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин қазия хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |