Тоҷикистон аз СММ хост, ба қаҳрамонсозӣ аз миллатгароён хотима бахшад

Русия ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи эъломияи роҳ надодан ба қаҳрамонсозӣ аз миллатгароёнро пешниҳод кард.
Ин эъломия, ки ба ҳайати муаллифони он дар баробари кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон низ шомил аст, интизор меравад, то авохири соли ҷорӣ мавриди раъйгирӣ қарор гирад.
Григорий Лукянтсев, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ ҳангоми қироати матни ин эъломия диққати ҳозиринро ба ҳаводиси Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ҷалб карда гуфтааст, руйдодҳои ин ҷанг ба баҳогузории мусбату манфӣ ниёз надоранд: ”Мутаассифона , мо имрӯзҳо ҳоло ҳам мебинем, бархеҳо таърихро мунҳариф сохта, ба адолатиҳои соли 1945 баҳои дигар медиҳанд.
Ба андешаи дипломати рус, ҳангоме ки як гуруҳ дар иттиҳомоти миллатгароӣ гумонбар дониста мешавад, қаҳрамонсозии онҳо ғайриқобили қабул аст: “Бахусус замоне сухан атрофи намояндагони пешини созмони СС равад, ки дар қатли мардуми осоишта даст доранд. Онҳо на ба тифлон раҳм доштанду на пиронсолон.” Григорий Лукянтсев илова кардааст, муаллифони ин эъломия ҳадафи дигар бора ҷалб кардани диққати Маҷмаи Умумии СММ ба руйдодҳои гузашта нест: “Ҳоло сухан дар бораи як шакли муосири хатарноки нажодпарастӣ меравад, ки бо он бояд дар сатҳи миллию байналмилалӣ муқобала кард.”
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта ҳангомии раъйгирии ин эъломия аз миёни 193 узви СММ, 120 тои онҳо раъйи мусбат доданд. Муқобили он се ҳайати кишварҳои узв, Иёлоти Муттаҳидами Амрико, Канада ва Ҷазоири Маршал овоз дода, беш аз 55 кишвар, аз ҷумла Украина мавқеи бетарафиро интихоб намуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |