Раҳим Масов: "Фархор таърихи беш аз 4 000-сола дорад"
Дар пайи як Экспедитсияи байналмилалии археологӣ маълум шуда, ки ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад.
Академики тоҷик Раҳим Масов дар суҳбате ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ин экспедитсия моҳҳои сентябр-октябри соли равон анҷом шудааст. Ба гуфтаи ӯ донишмандони маъруфи тоҷик ва Русия шомили ин экпедитсия будаанд.
Раҳбари Институти таърих, археология ва этнографияи Академияи улуми Тоҷикистон афзуда, ки дар китоби “Ҳудуд-ул-олам” дар феҳрасти қадимтарин маҳалҳои аҳолинишини минтақаи Кӯлоб Мунк (ҳоло Ховалинг), Ҳулбук (дар ҳудуди ноҳияи Восеъ) ва Палғар, Паргар (ҳоло Фархор) номбар шудааст.
Ба гуфтаи академики тоҷик, дар манбаъҳои археологӣ арқоми мухталифе перомуни таърихи Фархор мавҷуд мебошад ва Экспедитсияи байналмилалии археологӣ ҳам ба хотири муайян намудани давраи нисбатан дақиқи дар ин минтақа маскун шудани аҳолӣ гузаронда шудааст. Раҳим Масов гуфтаааст, дар пайи хулосаи корҳои анҷомшуда маълум гардидааст, ки Фархор таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки то кунун 2 700-солагии шаҳри Кӯлоб таҷлил шуда, Тоҷикистон барои ҷашни 3 000-солагии ноҳияи Ҳисор омодагӣ мебинад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |