Боздошти ду сокини Бишкек барои ғорати як тоҷик
Кормандони пулиси Бишкек ду сокини маҳаллиро ба иттиҳоми ғорати як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии Бишкек, кормандони ин ниҳод дар пайи амалийти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ С. Данияри 43-сола ва Ч.Асанбеки 44-соларо боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи кормандони пулис, ин сокинони маҳалӣ, ки яке сокини маҳаллаи Арча-Бешик ва дуюмӣ истиқоматкунандаи Ала-Тоои Қирғизистон мебошанд, дар ғорат намудани шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек муроҷиат карда, аз мавриди дӯздӣ қарор гирифтанаш шикоят кардааст. Ин муҳоҷири 36 солаи тоҷик гуфтааст, ду фарди ношинос ӯро дар роҳ ҳангоми гузаштан аз кучаи “Боконбаев” ба “Советская” боздошт ва бо истифода аз неру пулҳояшро, ки 700 долари амрикоӣ ва 2 ҳазор евроро ташкил медиҳанд, гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |