Нахустин моҳвораи Туркманистон тавассути мушаки амрикоӣ ба кайҳон сар дода мешавад
Туркманистон фаъол намудлани нахустин спутникашро ба ширкати амрикоии "SpaceX" бовар кард. Ин нуктаро Роберт Паттерсон, сафири ИМА дар Ашхобод зимни суханронӣ дар форуми тиҷории Туркманистону Амрико изҳор доштааст.
"Thales", ширкати муштараки Туркманистон ва Фаронса соли 2011 барои тарҳкашӣ, тавлид ва ба кайҳон баровардани нахустин моҳвораи сунъии Туркманистон иқдом карданд. Ин спутник 4,5 тонн вазн дошта ва барои 15 сол нигаронида шудааст.
Туркманистон мехоҳад моҳвораи худро соли 2014 ба кайҳон сар дода, низоми телевизионшунавонӣ, алоқа ва интернетро дар кишвар суръат бахшад. Дар ҳоли ҳозир Туркманистон аз хизматрасонии моҳвораи “Ямал”-и Русия истифода мекунад, ки ба ширкати “Газпром” мутаалиқ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |