Ташхиси матлаби Тутубалина ба уҳдаи Кумитаи истилоҳот вогузор шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, имрӯз, 13-уми ноябр ташхиси лингвистии матлаби баҳсбарангези муҳаррири “Азия Плюс”, Олга Тутубалинаро ба уҳдаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гузоштааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили дифои Олга Тутубалина хабар дода, афзуд, ки баъди дастрас намудани ин таъиноти додрас, масъалаи шикоят аз болои онро баррасӣ хоҳанд кард. Иноятов дар шарҳи норозигияш аз ин таъинот гуфт, ҷониби ҳимояи Тутубалин бовар надорад, ки Кумитаи забону истилоҳот ташхиси холисона хоҳад гузаронд.
Иноят Иноятов мегӯяд, дар дохили Тоҷикистон танҳо ду ниҳод -- Кумитаи забон ва истилоҳот, таҳти роҳбарии Додихудо Саймуддинов ва Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ташхиси лингвистикӣ мегузаронанд, ки ҳардуяшон то ҷое ба Акдемияи улум алоқа доранд. Дар ҳоле ки Академияи улум яке аз даъвогарон аст, Иноят Иноятов пешниҳод дорад, ташхиси лингвистикӣ дар хориҷи Тоҷикистон гузаронда шавад.
Ин пешниҳоди ҷониби Тутубалинаро намояндагони зиёиён танҳо баҳона барои ба дарозо кашидани мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ мекунанд.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.
Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |