Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ин бор ба чӣ қасам мехӯрад?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, бо касби беш аз 83 дарсади раъй дар интихоботи 6 ноябр барои бори чорум курсияшро ҳифз кард. Қарор аст, 16 ноябр, баъд аз 10 рӯзи анҷоми интихобот, ки натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ бояд эълон гардад, маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб баргузор шавад.


Масъала ин ҷост, ки ин навбат Эмомалӣ Раҳмон бо кадом арзишҳо савганд мехӯрад? Ба назар мерасад, 7 соли қабл он чи ки бо он қасам хӯрдан мумкин буд, хӯрд. Наход боз онҳоро такрор кунад?

Мушоҳида мешавад, маросими савгандёдкунии президент хеле бошукӯҳ мегузарад. Бошукӯҳтар аз соли 2006. Алакай пойтахти кишварро оро медиҳанд. Дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе чанд рӯз аст барқарорсозии чароғҳои равшанидиҳанда ҷараён дорад. 11 ноябр хабарнигорони “Озодагон” шоҳиди “шустушӯ”-и муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гаштанд. Дарахтони ду тарафи роҳҳои мошингарди марказӣ ҳам аз шохаҳои зиёд тоза мешаванд.

Шаҳрдори Душанбе ахиран муроҷиати Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистонро қонеъ карда, барои гузаронидани машқи паради ҳарбӣ бахшида ба ин маросим иҷозат дод. Ин машқҳо аз 9 то 16 ноябр ҳамарӯза аз соати 20:00 то 24:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе гузаронда мешавад. Қарор аст, баъд аз маросими савгандёдкунӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбӣ баргузор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир 18 ноябри соли 2006 дар Кохи “Сомон”-и бӯстонсарои ҳукумати кишвар савганд ёд кард. Дар ин чорабинӣ баъд аз супоридани нишони президент ба Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки ба маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Тоҷикистон бахшида шуда буд, баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон даст рӯи Сарқонун ё Конситутсияи Тоҷикистон гузошта қасам ёд карду чанд қадам қафо рафта, бо нимтаъзим парчами давлатии кишварро бӯса намуд. Сипас, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи президенти Тоҷикистонро тақдим кард. Баъд аз ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мошини болокушода хамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рудакӣ баромад ва дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Ба иттилои торнамои расмии президент “маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст бо назардошти тамоми меъёрҳои ҳуқуқию таърихӣ ҷараён гирифт”.

Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Раҳмонов) азму иродаи қавӣ ва садоқати худро ба савганди соли 1992 ва дигар қасамҳояш бори дигар таъкид дошта, изҳор намуд, ки минбаъд низ тамоми қуввату ғайрат ва ҳастии худро барои таъмини ояндаи неки Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти хушбахтонаи халқи Тоҷикистон равона месозад. Ӯ таъкид дошт, ки бо интихоботи навбатии роҳбари давлат дар Тоҷикистон марҳалаи сифатан нав дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ оғоз ёфт.

“Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов таъмини амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯриро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ арзёбӣ кард”,-навишт сомонаи расмии ӯ.

Аммо хотирмонтарин қисмати ин маросим матни савганди Эмомалӣ Раҳмон буд: «Имрӯз рисолати бузургу пурифтихори савгандёдкунӣ ва бовариву эътимоди интихобкунандагон маро водор месозад, ки дар ҳафт соли оянда боз ба хиради азалӣ, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии беғаразонаи халқи азизам такя намоям. Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам. Савганд ба ҷони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, нерӯву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам».

Аммо ҳоло ин суол матраҳ аст, ки 16 ноябр Эмомалӣ Раҳмон чӣ қасаме ёд мекунад? Боз ҳам бо номи поки Худо, ҷони ҳашт миллион аҳолии кишвар, шири сафеди модарашу дуои неки падарону модарон?

Бо қиёс ба рангорангӣ ва муҳташамии маросими савгандёдкунии ҳар давраи оғози раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон хулоса кардан мумкин аст, ки ин навбат матни қасами ӯ пуртаъсиртар аз ҳафт соли пеш хоҳад буд. Аммо оё аз номи поки Худо, шири модар, ҷони аҳолӣ, нону намак, обу хоки муқаддаси Ватан калимаи пуртаъсиртаре ҳаст? Ман наёфтам. Шумо чӣ?
Мӯҳр
Бехтарин касам "Бо хун омадам бо хун меравам"

Бо кадуву картошкаву хайкалхои дар пойтахт буда бе касамхурихам маълумаст ки хама дуруг мебошад аз шири модар дида чизи мукадасе хаст не у ба шири модараш касам хурд лек дар амал ягон касами хурдаашро ичро накард ва намекунад шахсе мукадасот надорад касам хурдан ба у кори хамарузаву одии уст. Озодагон агар дар хакикат озод боши чоп кун вагарна шуморо бар вичдонатон ва Худо месупорам...

Ман
Касам мехурам,ки барк намедихам.

tgk
Касам мехурад ки хамара ракосу мадох мекунад дар хафтсоли охир

Домулло
Факат ва факат бояд бо китоби мукаддаси илохи Куръони Мачид касам хурд,дигар касамхо хама шикаста ё фаромуш мешаванд.
Барои он,ки агар бо китоби Куръон касам ёд кунанд ва гуфтагихошона ба ичро нарасонанд, ба газаби АЛЛОХ (Ч.Ч) албата гирифтор мешаванд ва
азобу ранч онхоро интизор аст.

Касам ба дусти азизаш Бозор Собир мехурад.

Студент
Хочи
Ман хам наефтам

从此事
bo qaichivu lenta ki tamomi sokhtmonoro mekushoyam.

Билол.
Касам.бо.гайри.худо.хама.ширк.аст.курон.одам
а.зада.наметавонад!

Икбол
Барои чи мисли президенти киргиз дасташро болои курон монда касам намехурад е метарсад ки касам хурдаву ба гуфтахояш амал карда наметавонад?

kasam fakat bo nomi xudoi poku mehrubon ast.chize ki az dasti rahmon omad kard az guftaash 70-foizashro kard.nakard nagued ki xudovand dar gazab naoyad boz.inshoalloh xub meshavad gued rahmon ham mo ham.

MAN QASAM MEKHURAM, KI IN OKHIRON BOR AST ))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)