Бахшҳо

(ВИДЕО) Бадеску: “Бе мухолифин ва сабқати ҷиддӣ тағйирот намешавад”

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Параскива Бадеску -- раҳбари ҳайати нозирони Дафтари инстутутҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ОБСЕ) дар интихоботи президентии Тоҷикистон.

Озодагон: Дар нишасти хабарие, ки баъд аз эълони натиҷаҳои аввалияи интихоботи президенти Тоҷикистон гуфтед, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ин дафъа фаъолияти озод ва шаффофтар дошт. Ин баҳогузорӣ дар асоси чӣ буд?

Бадеску: “Дарвоқеъ, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) дар интихоботи 6 ноябр фаъолияти бозу шаффоф дошт. КМИР бо нозирони мо ва инчунин бо нозирони созмонҳо ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекард. Аммо ин маъно нест, ки КМИР хеле олӣ фаъолият дошт. Боз ҷиҳатҳое дар фаъолияти КМИР ҳаст, ки беҳбудӣ мехоҳад. Мо омодаем дар оянда ба хотири беҳтар кардани фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон бо КМИР ҳамкорӣ дошта бошем.”



Озодагон: Вале коршиносон мегӯянд, КМИР фаъолияти озод ва мустақил надошт. Ба гуфтаи онҳо, КМИР ниҳоде ҳаст, ки дар ҷараёни интихобот ба ҳукумати феълӣ ва бақои он кумак мекард...

Бадеску: “Ба ин савол пурра ҷавоб дода наметавонам. Ҳамзамон наметавонам бигӯям, ки КМИР комилан озоду мустақил буд. Вақте ман аз фаъолияти КМИР гуфтам, бештар дар мавриди шаффофияти кори онҳо ишора кардам. КМИР дар минтақаҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Дастурҳо дода, ба ҳавзаҳои интихоботӣ намоянда фиристод.”

Озодагон: Бо номзадҳо ҳам мулоқот доштед? То куҷо шахсият, тасмим ва ширкати онҳо барои ба даст овардани курсии президентӣ ҷиддӣ ба назар мерасид?

Бадеску: “Бо ҳамаи номзадҳо ва шахсони боэътимодашон мулоқот доштам. Савол инҷо ҳаст, ки дар вақти мулоқот бо интихобкунандагон онҳо тавонистанд таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кунанд, ё не. Ман фикр мекунам, натиҷаи интихобот бозгӯи талоши онҳо ҳаст.”

Озодагон: Таҳлилгарон мегӯянд, ширкати номзадҳо танҳо ба хотири намоиши баргузории интихоботи демократӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст...

Бадеску: “Дар ин маврид наметавон якбора тамоми фикрҳоро гуфт. Ҳама фикру назари худро доранд ва мо наметавонем пеши роҳи онҳоро бигирем, ки интихобот чӣ тавр гузашт. Дар он гузориши миёндаврие, ки мо доштем, тамоми ин масоил ва ё мушкилот ҷой дошт. Ҳаминро бояд гуфт, ки бидуни номзади воқеӣ, бидуни мухолиф ва мусобиқаи ҷиддӣ тағйиротеро интизор будан, ғайриимкон аст.”

Озодагон: Аз мавҷуд набудани номзад ва мухолифи воқеӣ гуфтед. То замони сабти ном кардани номзадҳо ба мақоми президентӣ гуфтугузор атрофи Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, зиёд буд. Суханҳое буд, ки гӯиё ҳукумат аз сабаби рӯ ба рӯ нагардидан бо номзади воқеӣ барои сабти номи Бобоназарова монеаҳо эҷод кард. Шумо чӣ назар доред?

Бадеску: “Дар ин маврид чизе гуфтан мушкил аст. Чун сабти ном накардани хонум Бобоназарова бештар ба он марбут буд, ки ситоди онҳо имзоро то ҳадди лозим ҷамъоварӣ карда натавонистанд. Мо ҳам дар тавсияҳои худ ба мақомот пешниҳод кардем, то барои сабти номи номзадҳо ба мақоми президентӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.”

Озодагон: Ба назари Шумо, ҷамъоварии 210 ҳазор имзо барои кишваре, ки ҳудуди 5 миллион интихобкунанда надораду қисми зиёдашон дар хориҷ ҳастанд ва ҳаққи имзо гузоштан надоранд, дуруст аст?

Бадеску: “Талаботи ҷамъоварии ин миқдори барзиёди имзо мувофиқ ба меъёрҳои интихоботӣ нест. Мо дар гузориши худ ин тавсияҳоро навиштаем, то қонунгузориро бори дигар бубинанд.”

Озодагон: Оё атрофи коҳиши фоизи ҷамъоварии имзо ишора мекунед?

Бадеску: “5 дарсад хеле зиёд буда, меъёр бояд ҳадди ақалл то 1 дарсад поён бурда шавад. Ин танҳо тавсияи ман нест. Ин тавсияи тамоми нозирон ва таҳлилгарони мо буда, такрор ба такрор дар гузориши мо пахш мешавад. Ҳамчунин барои ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробар дода шавад. Вазифаи ҳукумат ҳаст, то ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя кунад.”

Озодагон: Мегӯед, дар гузориши худ ин тавсияҳоро навиштаед. Ин интихоботи нахусти Тоҷикистон нест, ки Шумо ҷараёни онро назорат ва сипас тавсия медиҳед. Оё татбиқи ин тавсияҳои худ дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунед?

Бадеску: “Дуруст, ин интихоботи 5-ум ҳаст, ки дар Тоҷикистон мо назорат мебарем. Дар ин муддат як феҳрасти бисёр тӯлонии тавсияҳо ҳам дорем. Бардошт ва мушоҳидаҳои худро дар шакли тавсиянома ба ҳукумати Тоҷикистон ҳам пешниҳод кардем. Аз тавсияҳои мо натиҷаи таҳлили коршиносону мутахассисон буд. Огоҳ ҳастем, ки ҳукумати Тоҷикистон шумори ками тавсияҳои моро ба инобат гирифта, қисми зиёди он татбиқ нашудааст. Ҳоло мо бо таҳияи гузориши ниҳоии худ машғул ҳастем. Он тавсияҳое, ки дар қабл менавиштем, ин дафъа ҳам зикр кардем. Илова бар он, чанд мушоҳидаи дигарро, ки аз ин интихобот доштем, ишора хоҳем кард. Мо ҳуқуқи назорат аз рафти татбиқи ин тавсияҳоро надорем. Вазифаи мо танҳо мусоидат кардан ба ҳукумати Тоҷикистон барои интихоботи дуруст мебошад. Мо омодаем, ки барои татбиқи тавсияҳои худ ба ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ ва кумак расонем. Мо аз ҳукумати кишварҳое, ки аз интихоботашон назорат мебарем даъват мекунем, аз ҷумла аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, то тавсияҳоро амалӣ бикунад.”

Озодагон: Умуман аз мавқеъ ва фаъолияти нозирон шикоятҳо садо медиҳад. Мухолифин ва коршиносон мегӯянд, нозирони Шумо воқеиятро дида, аммо дар гузориши худ барои ҳукумат чандон тавсияҳои ҷиддӣ намедиҳад...

Бадеску: “Ба фикри ман, ин аз мавқеъ ва салоҳияти мо маншаъ мегирад. Албатта, масъала дар ҷомеа матраҳ мешавад. Вале на ҳама аз нақши нозирон огоҳӣ доранд. Вазифаи мо танҳо назорат бурда, мушоҳида кардану тавсия додан ҳаст. Албатта, онҳое, ки аз нозирон нигаронӣ мекунанд, ҳақ доранд. Аммо агар ҳисоботи моро бубинед, он нисбат ба гузориши нозирони созмонҳои дигар сахттар аст. Ин бастагӣ ба он дорад, ки гузоришро кӣ таҳия мекунад.”

Озодагон: Меъёри баргузории интихобот ва ҷомеаи демократӣ барои ҳамагон маълум аст: интихоботи озод – тағйири ҳукуматҳо. Ба назари Шумо интихобот дар Тоҷикистон ва натиҷаи он ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ ҳаст?

Бадеску: “Бояд бигӯям, ки мо танҳо интизори интихоботи шаффоф, озод ва ҳақиқӣ дар ҳар кишвар ҳастем. На хостори ивазшавии ҳукуматҳо. Ин масъала бастагӣ дорад ба мардуми кишвар. Мардум бояд интихоби дуруст бикунанд, онҳо бояд бидонанд, ки ба кадом номзад овози худро медиҳанд.”

Озодагон: Аммо дар нишаст гуфтед, ки мардуми Тоҷикистон чандон маълумоти кофӣ аз аҳамияти интихобот ва шахсияти номзадҳо иттилоъ надоранд. Яъне, метавон гуфт, ки имконият барои таблиғоти номзадҳо яксон набуд?

Бадеску: “Ин масъала дар гузориши миёнадаврии мо қайд шудааст. Он имконияте, ки президенти феълӣ дошт, номзадҳо бархӯрдор набуданд. Дар минтақаҳо интихобкунандагон ҳатто намедонистанд, номзадҳо кистанд. Масъалаи дигар ин буд, ки раисҷумҳури феълии Тоҷикистон дар ин раванд ба манотиқи кишвар сафарҳо дошт. Вохӯриҳо гузаронд, бо мардум мулоқот дошт, дар майдони варзишӣ суханронӣ кард. Дар кушодашавии иншооти муҳиим ширкат дошт. Фарқ миёни чорабиниҳои интихоботӣ ва сафарҳои корӣ набуд. Дар рафти интихобот набояд чунин бошад. Ин амали ҳукумати феълӣ нодуруст аст.”

Озодагон: Мардум дар интихобот фаъолона ширкат дошт?

Бадеску: “Ман ҳавасмандии зиёд надидам миёни мардум. Вале бо интихобот машғул буданд. Аз гузориши мо маълум гардид, ки шумори овоздиҳандагон баланд буд ин дафъа.”

Озодагон: Фикр намекунед, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ба вуҷуд овардани чунин як фазову шароит, яъне огоҳии комил надоштани мардум аз ҳаққи худ ва ширкат дар интихобот манфиатдор ҳаст?

Бадеску: “Фикр намекунам, ин танҳо аз ҳукумат вобаста аст. Дар умум таҳсил, шавқи мардум ва нақши расонаҳоро зиёд кардан лозим. Маърифатро боло бардоштан лозим аст, то онҳо аз ҳуқуқ ва аҳамияти ширкаташон дар интихобот бохабар шаванд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам бояд фаъол шавад. Ҳизбҳои сиёсӣ бояд кор кунанд. Номзадҳо талош кунанд, то худро барои мардум шинос кунанд. Мутаассифона, миёни номзадҳо мубоҳиса вуҷуд надошт.”

Озодагон: Дар воқеъ, баргузории мубоҳиса матраҳ буд. Вақте расонаҳои давлатӣ чунин имкониятро надоданд, номзадҳо барои муаррифии худ чӣ чора доранд?

Бадеску: “Мо дар рафти фаъолияти худ бо масъулини телевизион ва радио мулоқот доштем. Онҳо ваъда доданд, ки вақти баробар ҷудо мекунанд ва чунин ҳам шуд. Аммо мубоҳиса баргузор нагардид.”

Озодагон: Чӣ сабаб дорад?

Бадеску: “Ман фикр мекунам, ки инҷо танҳо нақши телевизион буд. Номзадҳо худ барои мубоҳиса талош мекарданд.”

Озодагон: Оё ин маънои онро надорад, ки номзадҳо барои муаррифии худ чандон ҳавасманд набуданд?

Бадеску: “Ман фикр намекунам, ки онҳо ҳавасманд набуданд. Шояд, онҳо намедонистанд, ки ин корро бо чӣ роҳ анҷом бидиҳанд.”

Озодагон: Метавонем бо мӯҳтавои гузориши ниҳоии Шумо шинос шавем ва умуман он кай мунташир хоҳад шуд?

Бадеску: “Мо ҳоло кор карда истодаем. Тамоми маълумотро аз нозирони кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ҷамъоварӣ мекунем. Фикр мекунам, гузориши ниҳоӣ охирҳои сол дастрас мешавад. Ин як раванди маъмулӣ барои тамоми кишварҳо, на танҳо барои Тоҷикистон аст. Одатан гузориши ниҳоии созмони мо баъд аз 8 ҳафтаи анҷоми интихобот пахш мешавад.”
Мӯҳр
Чаноби Икс
Рости, хамин посуххои ин зан маро хуш наомад!!!!
Офарин ба Хумайро!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)