Боздошти се шаҳрванди Амрико ба иттиҳоми таблиғоти динӣ
Се сайёҳи амрикоӣ аз сӯи пулиси вилояти Фарғонаи Узбакистон боздошт шудаанд.
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, се сайёҳи амрикоӣ, Тэйлор Деррик Антонӣ, Ҷеймс Мартин ва Хелмут Клейтон дар таблиғоти ғайриқонунии мазҳабӣ муттаҳам мешаванд.
Мақомоти қудратии узбак мегӯянд, ин шаҳрвандони Амрико тариқи хоки Қирғизистон ҳамчун сайёҳ ба Узбакистон ворид шуда, дар қаламрави ин кишвар ақидаҳои динии худро таблиғ менамудаанд. Онҳо миёни сокинони маҳаллӣ адабиётҳои динӣ, аз ҷумла фитаҳои дорои маълумоти мазҳабӣ ройгон тақсим мекардаанд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони пулиси Фарғона аз макони зисти ин мубаллиғон беш аз 300 диски кино ва маърузаҳо аз таълимоти динӣ ба забони узбакию тоҷикӣ мусодира шудааст. Мақомот мегӯяд, амрикоиҳоба қалаврави Узбакистон беш аз 450 диск ворид намудаанд, ки ҳоло ҳудуди 150 тои онҳо ба сокинони маҳаллӣ тақсим карда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, шаҳрвандони Амрико ҷарима ва аз хоки ин кишвар бо ҳукми маҳрумияти абадӣ аз вуруд ба Узбакистон берун хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |