Ташкили ҳизби сиёсӣ барои таблиғи сиёсати президент
Дар саҳнаи сиёсати Қазоқистон боз як ҳизби сиёсӣ аз худ дарак дода, ба фаъолият шуруъ кард.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Остона маросими муаррифи ин ҳизб, ки аз он Ҳизби “Ваҳдат”-и Қазоқистон ном бурда мешавад, баргузор шудааст.
Серик Султонгалиев, ки раҳбарии ин ҳизбро ба зимма дорад, мегӯяд, ҳадаф аз ташкили чунин як ҳизби сиёсӣ таблиғи сиёсати раисиҷумҳури ин кишвар ва пешрафти ҳаёти мардуми деҳот мебошад. Ба гуфтаи Султонгалиев, яке аз ҳадафҳои дигари ҳизбаш, нигоҳ доштани арзишҳои миллию суннатӣ ва таърихии миллати қазоқ мебошад. Ӯ гуфтааст, мардуми кишвараш дар ҳоли аз даст додани ҳувияти фарҳангӣ ва миллии худ қарор дорад: “Насли ҷавон имрӯз ба таври комил муҳтавои мероси маънавии классикияшро гум мекунад.”
Раҳбари Ҳизби сиёсии “Ваҳдат”-и Қазоқистон мегӯяд, дар кишвараш на дини Ислом ва на ҳеч ойини дигаре ба сатҳи иқтидори маънавӣ рушд накардааст. Пайравони ҷавони ин адён оромиш ва ба суолҳои рӯзмарраи зиндагии худ посух пайдо намекунанд, ки аксаран дар ин ҳорлат рӯ ба созмонҳои ифротии мазҳабӣ меоранд. Ӯ гуфтааст, ки мехоҳад зиндагии шоистаеро барои мардуми кишвараш таъмин кунад. Серик Султонгалиев, ки 60 сол дорад, мудири Ширкати “КазТрансГаз”- Қазоқистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |