Эълони озмун барои тахриби "Тоҷикистон" дар Маскав
Дар ҷои бинои кинотеатри “Тоҷикистон”, дар минтақаи маъмурии ҷанубу ғарбии Маскав маркази фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд мешавад. Дар ин бора торнамои Департаменти сохтмонии шаҳри Маскав хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло “барои муайян кардани фармоишгари фаннӣ ҷиҳати иҷрои корҳои лоиҳавии тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” озмун эълон шудааст”.
Бинои сеқабатаи кинотеатри “Тоҷикистон” соли 1982 бунёд ёфта, то соли 2001 ҳамчун кинотолор фаъолият мекард.
Гуфта мешавад, тахриби кинотеатр ва ба ҷои он бунёд кардани маркази фарҳангӣ-фароғатӣ мутобиқи барномаи сармоягузории Маскав барои солҳои 2014-2016 амалӣ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |