Ҳамовозии Тӯраҷонзода ва Убайдуллоев дар мавриди дискоклубҳо

Сиёвуш Қосимзода
Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори шаҳри Душанбе дар маҷлиси кории ҳукумати шаҳр аз низоми кории марокизи дилхушии пойтахт ибрози норизоӣ карда гуфт, ки бисёре аз ин дискоклубҳо назми иҷтимоӣ, реҷаи корӣ, беҳдошт ва ободонии пойтахтро риоя намекунанд.
Дискоклубҳо ва ташвиши раиси шаҳр
Ба гуфтаи раиси шаҳр бештари дискоклубҳо таъсири манфие бар шахсияту ахлоқи насли ҷавон мегузоранд ва барои онҳо як сабки зиндагии ғайриахлоқиро ба вуҷуд меоваранд. Ба ин тартиб шаҳрдори Душанбе дастур дод, то дар кутоҳтарин муддат ин масоил рафъ гардад.
Прокуратураи шаҳрӣ барои расидагӣ ба кори дискоклубҳо муваззаф шуд. Шаҳрдори пойтахт ҳамчунин дастури назорат аз болои иҷрои қонуни танзими ҷашну маросимҳоро дод.
Ҳарчанд назорат кардан аз болои дискоклубҳо метавонад дар коҳиши ҷароиму хилофкориҳои ин шабакаҳо муассир бошад, вале коршиносон фаъолияти ингуна марокизро ба фоидаи шаҳрвандони Тоҷикистон намедонанд. Зеро яке аз муҳимтарин сабабҳое, ки мунҷар ба нобудии як миллат мегардад, ин суқути ахлоқии мардуми он аст, ки дар натиҷаи таҳоҷуми фарҳангӣ, тарвиҷи бебандубории ҷинсӣ ва дур шудан аз меъёрҳои ахлоқӣ сурат мегирад. Бадхоҳон агар хоҳанд миллатеро нобуд кунанд, ибтидо ахлоқи он миллатро табоҳ месозанд. Барои ин кор роҳҳои зиёде вуҷуд дорад ва дискотекаҳо ҳам яке аз абзорҳои расидан ба ингуна ҳадафҳост.
Фақат иддае муайян ба дискоклубҳо мераванд
Бояд гуфт, ки пайдоиши дискоклубҳо аз кишварҳои ғарбӣ оғоз гардидааст. Вале ҳоло, ки ба шарқ ҳам роҳ ёфтааст, далел намешавад, ки онро ба оғӯши боз истиқбол ва қабул кард.
Бисёре аз коршиносон дискотекаҳоро омили муҳим дар вайроншавии ахлоқи ҷомеа медонанд. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ фаъолияти чунин марказҳоро танҳо ба манфиати ҳукумати дунявиямон медонад ва ба зарар доштани онҳо бар рӯи ахлоқу маънавиёти мардуми кишвар таъкид мекунад. Ба гуфтаи ӯ дискотекаҳо ҳеч гоҳ дар ҳеч гӯшаи ҷаҳон, барои баланд рафтани ахлоқу маънавияти мардум хидмат накардааст.
Гуфта мешавад, ки дискотекаҳо бо фарҳангу суннату таърихи кишварамон дар тазод аст ва барои ҳуввияти миллии тоҷикон хатари амиқу азиме дорад, зеро метавонад мардуми моро нисбат ба арзишҳои худ бегона кунад. Зарафо Раҳмонӣ, коршиноси фарҳангӣ, ба далели соҳиби фарҳангу тамаддуни куҳан ва ҳуввияти миллӣ будани миллатамон, дискотекаҳоро зебандаи ин мардум надониста ва онро мухолиф бо суннату фарҳанги тоҷикон арзёбӣ карда мегӯяд: "Таҳоҷуми фарҳанги ғарбӣ бар рӯи фарҳанги мо ончунон нуфузи зиёде кардааст, ки таъсири он ҳамаи иҷтимоу фарҳанги моро дар бар мегирад. Ва имрӯз дискотекаҳо дар мо ба як маркази тарвиҷгари фарҳанги ғарб табдил шудааст, ки он ҷавонони моро ба сӯи фарҳанги бегона мекашад ва дар натиҷаи он ноозмудаҳои мо бефарҳангу беҳуввият мегарданд ва тоҷик будани худро фаромуш мекунанд".
Дар тақвияти ин гуфтаҳо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси кишвар мегуяд: "дискотекаҳо маҳалли вайроншавии ахлоқ ва дур шудани одамон аз зикри Худост. Ба таври куллӣ фаъолияти ингуна маконҳо ҷуз фосид кардани ахлоқи мардуми мо, дигар ҳеч суде надорад".
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода муътақид аст, ки чунин маконҳо танҳо барои соҳибонашон суд медиҳанд ва аз онҳо ҳеч фоидае нест, зеро андозе, ки пардохт мекунанд, бисёр ночиз аст ва дида нашудааст, ки андози пардохт кардаи онҳоро дар кори хайре истифода баранд.
Барот Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик ин гуфтаҳоро тақвият бахшида бар ин назар аст, ки агар моликони дискотекаҳо воқеъан ба андозаи даромаде, ки ба даст меоранд андоз биспоранд, ин кам ҳам бошад манфиъати иқтисодӣ меорад: "Мутаассифона аз фоидаи онҳо дида зарарашон бештар аст. Ба хотири онки ахлоқ ва саломатии ҷисмии ҷавононро вайрон мекунад ва пуле, ки барои андоз пардохт мекунанд, арзише надорад, зеро он пул саломатии ҷавонони моро боз гардонда наметавонад. Аз сӯи дигар, дар даруни худи ҳамон дискокулубҳо ҷиноятҳои зиёде содир мешавад, ба монанди тиҷорати маводи мухаддир ва тарвиҷи машруботи алкулие, ки боиси сар задании ҷиноятҳо мегардад".
Коршиносон чунин мешуморанд, ки танҳо афроди хосе ба чунин ҷойҳо мераванд. Ба қавли онҳо ба дискотекаҳо бештар фарзандони мансабдорон мераванд ва онҳо ҳастанд, ки бо ин рафторашон ҷомеаро ба расвоӣ мекашанд. Инҷост, ки радди пои курсинишинон дар ҳимоя аз ин марокиз ошкор мегардад.
Дискоклубҳо сангари хатар
Нӯшидани машруботи алкулии масткунандаву мадҳушкунанда ҳам ба мағзу ҷигару тамоми аъзои бадани инсон муззир аст, ки дар дискакулубҳо чашмае аз дарёи васеъи чунин машруботро ироа медиҳанд.
Ҳануз маълум нест, ки дар ингуна марокиз дигар чи корҳои нобаҳанҷоре анҷом мешавад, зеро соҳибони онҳо барои даромади ҳарчи бештар ҳозиранд ҳамагуна меъёрҳои ахлоқиро зери по гузоранд. Иддае аз коршиносони расмӣ мегӯянд, ки дискокулубҳо муҷиби пешрафти бахши хусусӣ аст, вале дар мавриди аз меъёрҳои ахлоқӣ убур кардани ин маконҳо, бо коршиносони мустақил тавофуқи назар доранд.
Пас вақте марокизи дилхушӣ инқадар зарарҳо дорад, беҳтар аст то баҷои дискоклубҳо тарабхона ё ошхона ташкил гардад, ки на ба бахши хусусӣ зарба мезанад ва на ба ахлоқи ҷомеа. Гузашта аз ин, як хидматрасонии зарур ва касбу кори ҳалоле мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |