Замони “шукрона” дубора оғоз шуд
Ҳумайрои БАХТИЁРИнтихоботе, ки натиҷа ва ғолиби он барои коршиносон ва мардуми тоҷик аз қабл маълум буд, бидуни ягон “сюрприз” бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ анҷом ёфт.
Интихоботи президентии 6-уми ноябри соли равон 4-умин буд, ки чун интихоботи солҳои 1994, 1999 ва 2006 бо пирӯзии як нафар, раҳбари ҳукумати феълӣ-Эмомалӣ Раҳмон анҷомид. Ин дафъа барои курсии раёсатҷумҳур 6 нафар “талош” доштанд.
Коршиносон аз аввал бо таваҷҷӯҳ ба рақобат барои пирӯзӣ дар ин маърака, ширкати номзадҳои дигарро ба истисонои як нафар талоши беҳуда мегуфтанд. Ба гуфтаи онҳо баргузории интихобот ва номзадҳои аҳзоби сиёсӣ танҳо барои исбот кардани меъёри интихоботи озод ва ҷомеаи демократии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд.
Бино бар таҳлили гузоришҳои расонаҳо ва масъулини давлатӣ аз вазъияти сиёсӣ ва шарту шароити зист дар кишвар ҳамагон қаноатманд ҳастанд. Ба хусус дар остонаи баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ расонаҳои давлатӣ бо пахши наворҳо нооромиҳои солҳои 1990 –умро барои мардум зиёд “гӯшрас” мекарданд.
Таъсири баръакси қаҳрамонтарошиҳо ба ҳукумат
Аз оҳанг ва пахши чунин гузоришҳо як навъ мушоҳида мешавад, ки дастгоҳи таблиғотӣ ва худи ҳукумат барои мардум миннат мегузоранд. Расонаҳои давлатӣ ҳамеша аз он мегӯянд, ки бо шарофати ҳукумати феълӣ, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон оромӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадаасту мардуми тоҷик набояд ҳаводиси хунини даҳаи гузаштаро фаромӯш кунанд. Бо дидани чунин наворҳо аввалин пурсиш ба вуҷуд меояд, ки як дастгоҳи таблиғотӣ то куҷо ҳаққи баҳогузорӣ кардан аз таърихро дорад? Гузашта аз ин, дар таърихи ҷаҳонӣ ҳеч нашудааст, ки бархӯрд ва ё даргириҳо танҳо бо айби як ҷониб ба вуқӯъ пайваставу, бо шарофати ҷониби дигар сулҳ баста шавад. Беҳтар аст, ки ҳодисаҳои 1990-умро таърихнигорон таҳлил бикунанд, аз ин ки расонаҳо ба дарназардошти манфиати гурӯҳи худ баҳогузорӣ кунанд.
Аммо аз чунин амали расонаҳои давлатии Тоҷикистон метавон хулосабарорӣ кард, ки ҳукумати феълӣ идеяе барои бақои ҳокимияти худ надорад. Аз ин хотир бештар талош мекунад, бо ишора аз нооромиҳо мардумро ба тарафи худ ҷалб кунад. Аммо ин ишораҳову каҳрамонтарошиҳо то ба ҳадде расид, ки дигар барои ҳукумат он таъсири баръакс медиҳад.
20 соли шукргузорӣ ва сабри мардуми тоҷик
Ҳамеша мардуми тоҷикро мутақоид мекунанд, ки агар ин ҳукумат сари қудрат намеомад, хунрезиву гуруснагӣ ва гурезагиву қашшоқӣ аз байн намерафт. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки барои иҷрои рисолати худ миннат ҳам мегузоранд.
Маврид ба тазаккур аст, ки то ин замон мардуми тоҷик чунин суханҳоро таҳаммулпазирона қабул кардаву, аз вазъи худ шукрона мекарданд. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин авохир мардум аз фаъолияти ҳукумат ва шароити зисти худ бештар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки 7 солаи баъдӣ барои Эмомалӣ Раҳмон бояд, ки марҳилаи дигари корӣ бошад. Ҳамакнун фурсате фаро расидааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар мавриди беҳтар кардани зиндагонии мардуми кишвар ва иҷрои воқеъии салоҳияти раисҷумҳурӣ дар ростои рифоҳ ва зиндагии беҳтари мардум бештар талош намояд.
“Шукрона”: Навбати кист?
Давоми 20 соли охир мардуми тоҷик чӣ қадаре тавонист вазифаи худро анҷом дод. 20 сол аст, ки мардуми тоҷик барои ин “тинҷӣ” аз ҳукумат шукргузорӣ мекунад.
Бештар аз 15 сол мешавад, ки шаҳрвандони кишвар аз маҳдудияти барқ, набудани гази табиӣ, моҳонаи баробар ба харҷи зиндагӣ садо баланд намекунанд.
Инак 10 сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон аз вазъи ноҷури бахши тандурустӣ, маориф ва иқтисод эътироз намекунад.
Давоми 6 соли охир фасод дар сатҳе расид, ки ҳукумат барои пешгирии он як ниҳоди вижаи давлатӣ таъсис дод, аммо он на ҳама интизориҳои мардумро бароварда сохт. Ва боз ҳамин шаҳрвандони оддӣ буданд, ки сабр пеша карданду рушди фасодро таҳаммул менамоянд.
Ин ҳама барои мушкилтар кардани зиндагии мардум кам буд, ки давоми 3-4 соли охир масъулини ниҳодҳои давлатӣ бо ҳар роҳу васила ин косаи сабри мардумро мешикананд. Пулакӣ кардани роҳ аз тарафи парлумон метавонад исботи ин гуфтаҳо бошад. Набудани ҷойҳои корӣ, афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандон ба Русия мавзӯи дигари баҳс аст.
Ҳамакнун фурсате расидааст, ки аз ин ба баъд Эмомалӣ Раҳмон ва тими ӯ оҳиста оҳиста барои роҳандозӣ кардани ислоҳот дар кишвар камари ҳимат бибанданд. Шояд акнун фурсати он ҳам расидааст, ки ҳукумат аз ин сабри бесарҳади мардум суйиистифода накарда, аз ин таҳаммулпазирии мардум шукргузорӣ бикунад.
Мантиқан агар халқи тоҷик пеши ин ҳукумат вомдор аст, ин ҳукмат низ назди мардум қарз дорад. Биёед як бор воқеъбинона андеша намоем, ки мансабдорони имрӯза бист сол қабл чӣ рӯзу рӯзгоре доштанд ва акнун дар кадом шароит ба сар мебаранд. Оё онҳо муваззаф нестанд, ки шароитеро, ки барои худ ва пайвандонашон сохтаанд, ҳадди ақал сеякашро барои мардуми беандоза шокирашон низ ба миён оранд? Фикр мекунам барои ин масъуланд ва дигар навбати шукрона аз онҳост. Шукрона аз мардуми ранҷдида ва пурсабри тоҷик.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |