Алимардонов дар Ваҳдат ба татбиқи супоришҳои президент пардохтааст
Муродалӣ Алимардонов, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ду рӯз боз бо дастури роҳбарияти кишвар барои бартарафкунии оқибатҳои заминҷунбии харобиовар дар ноҳияи Ваҳдат қарор дорад.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар доданд, ки айни ҳол оморм зарардидагон дақиқ шуда истодааст ва иттилои тоза дар бораи хисороти заминҷунбӣ дар Ваҳдат баъди зуҳри имрӯз дастрас хоҳад шуд.
Заминҷунбии харобиовар, субҳи 10-уми ноябр, рух дода, тибқи ҳисобҳои пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷамоатҳои деҳотҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Буронов ва ҷамоати деҳоти Чорсўи шаҳри Ваҳдат 104 адад хона пурра ва 259 адад хона қисман зарар дидаанд.
Ин дар ҳолест, ки айни ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба сарвазир, Оқил Оқилов, дастур додааст, ба зарардидагони заминҷунбӣ дар Ваҳдат кӯмаки аввалия расонда шавад ва дар пасманзари омад-омади зимистон корҳои барқарорсозӣ ҳар чӣ зудтар оғоз гарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |