Бахшҳо
11 ноя 2013 12:11Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи охир дар Тоҷикистон, се ҳолати заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки як қатор хисороти моддиро ба бор овардаанд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, ба «Озодагон» иттилоъ доданд, заминларзаи аввал, субҳи 10-уми ноябр, соати 10:15 дакика, 26 километр дуртар аз Душанбе, дар ҳудуди деҳаи «Султонобод»-и ноҳияи Рудакӣ рух дод, ки дар марказ 5- бал ва дар шаҳри Душанбе 4- балро ташкил дод: «Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари заминларза дар ҷамоатҳои деҳотҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Буронов ва ҷамоати деҳоти Чорсўи шаҳри Ваҳдат 104 адад хона пурра ва 259 адад хона қисман зарар дидаанд.»

Ба иттилои манбаъ бегоҳи 10-уми ноябр, соати 17:03 дақиқа дар деҳаи Андигони шаҳри Вахдат заминларзаи дигар ба вуқўъ омад, ки қуввааш дар марказ 2-3 бал ва дар шаҳри Ваҳдат ба 2-бал баробар буд.

Дар мавриди заминҷунбии сеюм, ки субҳи имрӯз, 11-уми ноябр сурат гирифт, аз Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки маркази заминҷунбӣ дар 26 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе буда, қуввааш дар марказ 4 бал ва дар пойтахт се балро ташкил дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар пайи ин заминҷунбиҳо ягон талафоти ҷонӣ сурат нагирифта, барои дақиқ намудани хисороти молӣ дар маҳалҳо айни ҳол комиссияи босалоҳият кор карда истодааст.


АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорад

АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорад

АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорад

АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорад

АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорад

АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорад
Мӯҳр
Сабаб чи бошад, ки дар расонахои хабарии Точикистон, алалхусус дар телевизион дар бораи заминларзахои пай дар пай ягон маълумоте пешниход карда нашуд. Оиди харобихои овардашуда ягон маълумоте дода нашуд. Барои чи?

я
манхам дар ин хусус хайронам барой чи хабар аз ким кадом гушаву канор мерасонанду аз заруртарин чой ватан не танхо бо истифодаи интер бохабар мешавем ин ягон секретай е шахри вахдат маблаггузори накарданд ба телевизон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)