Омбудсмен: Хеле бад аст, вақте мардум аз ҳукумати худаш метарсад
Сокинони рустои Саруу Жетии ноҳияи Огузи вилояти Исиққӯл дар як фазои хатарзо ба сар мебаранд. Онҳо хавф доранд, ки ҳар лаҳза имкон дорад, намояндаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва неруҳои махсус (спетсназ) ба онҳо ҳамла намуда, барои муҷозот мебаранд. Ин нуктаро 11 ноябр дар як нишасти хабарӣ Бакит Амонбоев, ваколатдори ҳуқуқи инсон изҳор доштааст.
Ӯ, ки чанд рӯзи қабл бо як сафари корӣ аз ин русто дидан карда буд, дар нишасти хабарӣ гуфтааст, "ин хеле бад ва таасуфовар аст вақте мардум аз ҳукумати худаш метарсад".
Ба гуфтаи омбудсмени қирғиз сокинон бо созмон додани постгоҳҳо шабона кӯчаҳоро муҳофизат мекунанд, то дар сурати ягон ҳодиса зуд мардумро огоҳ кунанд.
Омонбоев аз нақли сокинони деҳаи Саруу Жети гуфтааст, сабаби ин тарсу хавф раиси ҳукумати вилоят Эмилбек Каптагаев аст. "Ба гуфтаи мардум, Каптагаев ба ҳукумати марказӣ маълумоти бардуруғ мерасонад. Ӯ бошандагони Сарууро дар ҳамкорӣ бо неруҳои сеюм ва оппозитсия гунаҳкор мекунад. Аммо ҳақиқати ҳол он аст, ки вай аз мардум барои он қасос мегирад, ки ҳеч гоҳ ҷонибдораш набуданд",-илова кардааст ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон.
Бакит Амонбоев ҳамчунин изҳор доштааст, ки сокинони Саруу Жети тақозои барканории раиси ҳукумати вилояти Исиққӯлро доранд: "Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, президент Алмосбек Отамбоев бо намояндаҳои русто мулоқот анҷом диҳад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |