Дар Малайзия се узбакро ба дор меовезанд
Яке аз додгоҳҳои Малайзия алайҳи се шаҳрванди Узбакистон ҳукми эъдом эълон намудааст.
Ба иттилои расонаи хабарии “Bernama”, се шаҳрванди Узбакистон, Дилбар Назароваи 54-сола, Ҷасур Ҷурақуловаи 39-сола ва Саёра Нурмуҳаммадоваи 58-сола аз сӯи додгоҳи минтақаи Шан Аллами Малайзия ҳукми эъдом гирифтаанд.
Манбаъ мегӯяд, ин се шаҳрванди Узбакистон, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешаванд, ба дор овехта хоҳанд шуд. Онҳо рӯзи 7 сентябри соли 2010 дар фурудгоҳи Куала-Лумпури Малайзия боздошт шуда, аз онҳо дар маҷмуъ ҳудуди 10 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст.
Муттаҳамони узбак мегӯянд, онҳо аз сангин будани ҷазои қочоқи маводи мухаддир дар малайзия огоҳ набуда, мехостанд, аз ин кишвар ба Узбакистон таҷҳизоти техникии замонавӣ аз қабили DVD ва компютер интиқол диҳанд. Вале дар мавриди он ки ин шаҳрвандони Узбакистон ҳаққи шикоят бурдан ба додгоҳи таҷдиди назарро доарнд ё не, чизе оварда нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |