Пулиси Маскав дар истифодаи гази заҳролуд мухлисони тоҷикро айбдор кард
Мақомоти пулиси шаҳри Маскав таъйид намуд, ки аз бетартибиҳои бегоҳи 10-уми ноябр, дар толори "Москва hall", ҳангоми консерти репсароёни тоҷик, Мастер Исмайл (M.One) ва Баха-84, дар кӯчаи “Первая Брестская “-и пойтахти Русия, хабар доранд.
Тавре хадамоти матбуоти мақомоти пулиси Маскав хабар медиҳад, аз бетартибӣ дар консерт, муҳофизони толори "Москва hall" хабар додаанд: “Муайян шудааст, ки бетартибиҳо зимни тафтиши чиптаҳо аз ҷониби муҳофизон сурат гирифтааст, чун бархе аз мухлисон талош кардаанд бе чипта вориди толор гарданд.”
Мақомоти пулис мегӯяд, ба ҷои ҳодиса гуруҳи навбатдори пулис равона шуд, аммо касе боздошт нашудааст.
Консерти Мастер Исмайл (M.One) ва Баха-84 баъди оне, ки муҳофизон аз гази заҳролуд истифода кардаанд, қатъ шудааст.
Аслишо Акимбеков, яке аз мубтакирони баргузории ин консерт, дар саҳифаи “Одноклассники”-и худ аз ҳамаи иштирокдорон хостааст, агар сабти навори он лаҳзаро доштанд, ба ӯ бифристанд: “Аз ҳамаи иштирокчиён хоҳиш мекунам, агар дар телефони мобилиатон сабти ин ҳодисаро дошта бошед, ба нишонии aslisho@gmail.com равона созед.” Зеро, ба гуфтаи Акимбеков, онҳо бо истифода аз он наворҳо мехоҳанд аз болои кормандони толори “Москва Холл” ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Вай аз ҷумла навиштааст, “аз он нафароне, ки зарар дидаанд, хоҳиш мекунам, ба беморхона муроҷиат кунанд ва аз он ҷо натиҷаи экспертизаро дар бораи заҳролуд шудани бадан ба мо фиристанд.”
Аз рӯи навиштаҳои Аслишо Акимбеков маълум мешавад, дар ин консерт зани ҳомилае низ ҳузур доштааст. Ӯ дар номаи худ дар “Одноклассники” гуфтааст, “барои он зане, ки ҳомиладор буд, сараввал саломатӣ хоҳонем, баъдан хоҳиш мекунем, аз беморхона барои мо “справка” равон кунад. Барои кори судиро бурдан, бар зидди кормандони ин толор. Мо ин корро ҳамин хел намемонем. Мо исбот мекунем, инсон ҳастем ва ин рафтор ғайриқонунӣ буда, дар ягон чаҳорчӯба рост намеояд.”
Ин дар ҳолест, ки масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ин воқеа изҳори бехабарӣ карданд. Навбатдори сафорат гуфт, дар сурати дақиқ шудани хабар ҳатман расонаҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Аз ин пеш ҳам, Мастер Исмайл, маъруф ба M.One, аз репсароёни шинохтаи тоҷик ҳамроҳ бо Баха-84 дар баъзе аз шаҳрҳои Русия консерт дода буданд.
M.One ё Исмоил Исмоилов соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, яке аз аввалин рэпсароҳои тоҷик гуфта мешавад. Карйераи ҳунарии вай соли 1999 оғоз шуда, бештар аз чор соли ахир дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад. 3 сол дар тарабхонаи "Хайём" ва феълан ба сифати коргардони овоз дар як студияи шахсӣ фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |