Бахшҳо
11 ноя 2013 10:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эълони манъи гаштугузори шабона дар маркази Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, муроҷиати Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистонро қонеъ карда, барои гузаронидани машқи паради ҳарбӣ, ки бахшида ба савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, иҷозат додааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Убайдуллоев қарор кардааст, ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, аз 9 то 16 ноябри соли 2013 ҳамарӯза аз соати 20:00 то 24:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, гузаронидани машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ иҷозат дода шавад.

Убайдуллоев ба мақомоти амнияту умури дохилии Душанбе дастур додааст, ки ҳаракати пиёдагардон ва воситаҳои нақлиётро дар мавзеи баргузории машқҳо манъ кунанд ва чораҳои иловагиро ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон ва иштирокчиёни он дар рӯзҳои баргузории машқҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд.

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 16-уми ноябр дар назар буда, баъди он дар ҳузури ӯ паради ҳарбӣ баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Ин сафар касам бо ки бошад???

Bek
Шукриддин,
Modari Rustamjon)))

Тоҷик
Ин беақлиро бинед, ки мардумро аз сайру гашт маҳрум мекунанд ва боз онро "таъмини бехатарии шаҳрвандон ва иштирокчиёни он дар рӯзҳои баргузории машқҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд" меноманд!!

Bek,
Savgand agar zabon medosht megyft ki banda digar dar zabonat nomi manro nagir.

Касам ёд кн Худо хохад дар охир хамааш чунон мезанад ки...

Уфффф, ана сар шуд боз. Ин боз чи карор, манъи пиедагардон ? Охир мошин майлаш, лек пиедагардон чи дахл доранд, наход пиедагардон ба рафти омодагии афсарон халал расонанд, охир онхо бо роххои мошингузар гаштугузор намекунанд ку, барои пиедагардон рохи махсус хаст ?? Агар хонаи ман дар марказ бошад пас ман чи кор кунам, бояд то соати 12:00 интизор шавам, ки кай афсарон машкхояшонро ба итмом мерасонанд ?? Чарои хукуки мардуми оли дар ин гуна холатхо поймол мегардад ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)