Бахшҳо

Сиёвуш дар бораи Бозор, Зайд Саидов ва "Гови тилоӣ"

Идомаи гуфтугӯи Зафари Сӯфӣ бо шоири тоҷики муқими Қирғизистон -- Сиёвуш Ҷунайдӣ.

Аввалаш дар ин ҷост

Зафари Сӯфӣ: Сиёвуши азиз! Мехоҳам, ошкоро мавзеи худро дар бораи хушомаду чоплусӣ дар адабиёт ва шоирони шиоргӯву маддоҳ эълом дорӣ ва ҳеч гуна гурезҳои шоиронаро ҳам медонӣ, ки қабул намекунам ва суолро ба шакли дигар такрор хоҳам пурсид...

Сиёвуш: “Хуб. Ташаккур барои ин саволи руку ростат ва ман ҳам талош мекунам, руку рост посух гӯям. Биё, шурӯъ мекунем аз устод Бозор Собир. На барои он ки имрӯз устод сари забонҳост, на. Мутаассифона, дар он замон аз тарафи касе супорише нашуд. Қабл аз ин ҳам яке-ду бор Бозор Собир ишораҳое ба ин мавзӯъ дошт. Ман ҳоло ба ҷо намеоварам, аммо дар мусоҳибае, ё мақолае устод ба он ишора карда буд, ки бузургтарин осори адабии ҷаҳон аз он ҷумла “Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар асл барои касе навишта шудаанд. Устод дар он навиштааш ҳатто ишора карда буд, омодааст бо супориши касе чизе нависад. Ман инҳоро аз пеши худ намегӯям ва санад дорам. Ман бар ин ақидаам, ки он вақт манзури устод на танҳо супориши шахсӣ, балки супориши иҷтимоӣ будааст. Инро дар забоони русӣ мегӯянд “социальный заказ". Мутаассифона, ҳоло иҷтимоиёти мо ҳеч супорише ва ҳеч интизоре аз адибон ва адабиёт надорад. Чаро дурӯғ бигӯям, дорад, ва ин "супориши иҷтимоӣ" дар ҷомеаи мо имрӯз дар ду ҷумла хулоса мешавад: “Дар ҳамди фулонӣ чӣ гуфтӣ ва чӣ гирифтӣ дар ивазаш". Ин воқеиятест, ки аз он гурез ва гузир надорем. Ман шахсан бар ин назарам: Агар "фулонӣ" дар ивази мақолоте, ки менависад, худро ва хонаводаи худро, зану фарзандони худро эмин ва таъмин медорад, хуш ба ҳолаш. Аз ӯ набояд сахт гирифт. Ин ҷо ғаризаи зинда мондан (инстинкт самосохранения) дар миён аст, ки аслан мавзӯи интиқод наметавонад бошад. Аммо шоирони шиоргӯ ва маддоҳ дар ҳар даврае будаанд ва хоҳанд буд. Дар ҳар шаклу қолибе. Агар шахсан ту, Зафар, ки шоири хубе ҳастӣ, мехоҳӣ бо онҳо мубориза кунӣ, пас, бароят мегӯям, ки коре беҳуда аст. Бо таваҷҷӯҳ ба воқеиятҳои имрӯзи Тоҷикистон, ту ҳатман бозанда хоҳӣ шуд. Албатта ту маро мефаҳмӣ ва бояд бифаҳмӣ, ки мавзӯи зинда мондан дар миён аст...”

Зафари Сӯфӣ: Ҳоло сӯҳбат сари камина нест, ҳарчанд агар воқеиятро бигӯем, мутаассифона, ману нафароне мисли ман дар ин замина бозанда ҳастем... Албатта, ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки шеър ва шоир рисолати худро адо кунанд. Ҳоло чанд тан ҳастанд, ки шукри Худо рисолаташонро иҷро мекунанд, ҳарчанд аз назари маишат машаққати фаровон мекашанд, боз аз роҳи худ барнагаштаанд. Ҳоло аз ин дидгоҳ мехостам назари Сиёвушро дар бораи рисолати шоир ва умуман суханвар бидонам.

Сиёвуш: “Чаро муҳим нест? Бисёр муҳим аст. Биё, як нуктаеро, ки ман барои худам кашф кардам бо ту имрӯз қисмат мекунам. Як вожае ҳаст, ки аз оғози торихи Башар то имрӯз мадори зиндагии инсонҳоро дар худ печида аст. Ҳатто метавон гуфт, ки торихи Инсон бо ин вожа шурӯъ гардида ва шояд ҳам бо ҳамин вожа ба поён бирасад. Қурбонӣ. Ин аст он вожае, ки дар назар дорам. Ман аввалҳо фикр мекардам, ки ин маҷзубият, ин ташнагӣ барои қурбон кардани касе хоси мо – тоҷикон бошад. Аммо баъдҳо, вақте ки бо мардумони мутааллиқ ба милатҳо, қамву қабоил, мазҳабу дин, забону фарҳанги гуногун ҳамнишасту ҳамсӯҳбату ҳамзист шудам, дарк кардам, ки ин хоҳиш, ин ниёз, ин ғариза азалӣ будааст. Мо ҳамеша мехоҳем касеро қурбон кунем. Ин кор барои мо лаззатбахш аст. Шояд аз ин роҳ мо мехоҳем будани худ, аҳамияти худро собит кунем. Намедонам. Мо он шоир, нависанда, рассомонеро, ки ҷавон мурдаанд, бештар дӯст медорем. Мо хушамон меояд, вақте мехонем, ки масалан Пӯлод Толис ё Сергей Есенин худкушӣ кардаанд. Мо хушамон меояд, вақте мефаҳмем, ки устод Сорбон, манзурам ҳамон хонандаи "Эй сорбон" ва "Эй шохи гул" аст, дар кадом як тангкӯчаи Душанбе ё Кобул ҷон додааст. Вақте Фурӯғ дар садамаи автомобилӣ ҷон дод, ин ҳодиса ба худи худ чу хӯроки бисёр лазиз барои гӯшҳо ва нафсҳои мо одамон буд. Аммо вақте ҷайбҳои ӯ ва либосҳои ӯро гаштанд ва диданд, ки чанд риёле беш дар ҷайбаш ва дар зиндагиаш надоштааст, ба назарам ин дигар барои мо хонандагони ӯ ид буд! Фурӯғ чанд риёле беш дар ҷайбаш надоштааст! Аз ин мисолҳо бисёр метавон овард. Манзурам чист? Мехоҳам он гуфтаи туро рад кунам, ки мегӯӣ "муҳим нест!" Ин ки мо бозанда ҳастем, шаке дар ин нест. Баъзан ба ин натиҷа меравам, ки имрӯз дигар Гови Тилоӣ пирӯз шудааст. Ҳамон Гове, ки қавми Мӯсо дар набудани Мӯсо сохтанд ва ба он саҷда карданд. Ту аз чанд тане мегӯӣ, ки имрӯз шукри Худо рисолаташонро иҷро мекунанд. Тахминан медонам киҳоро дар назар дорӣ. Мо ҳанӯз онҳоро қурбон накардаем?! Аҷиб аст. Шояд барои як рӯзи "мабодо" нигоҳашон доштаем. Он рӯзе, ки дигар ҳеч касе сазовори қурбонӣ нахоҳем дошт. Худо нигоҳашон дорад барои мо. Ту аз ман дар бораи рисолати шоир мепурсӣ. Чи гӯям. Дуруст мегӯӣ, ки шоирон рисолат доранд. Дар тамоми торихи Башар ин расолатро барои шоир қоил будаанд. Аммо дар мардуми эронинажод ва аз ҷумла дар мардуми тоҷик ба назари ман ин рисолат як каме муболиға шудааст. Шояд иштибоҳ мекунам. Ин ки мардуми мо шеър ва шоириро бисёр дӯст медорад, ба фикрам, барои тамоми ҷаҳонён маълум аст. Беҷо нест, ки ҳатто касоне, ки сирфан ба сиёсат ё тиҷорат ё аз ин қабил корҳо машғуланд, талош мекунанд, як шеъре бинависанд, барои мардум ироа кунанд ва аз ин роҳ маҳбубиятро дар байни мардум барои худ касб кунанд. Ҳоло наравем дунболи исму фомилҳои мушаххас. Ин як раванди ҳамагонӣ аст ва қазовати неку бади он бо ман нест. Акнун фаҳмидӣ ба куҷо мекашам туро? Ба ҳамон иборате, ки фармудӣ "рисолати шоир". Рисолати шоир дар шароити имрӯзи Тоҷикистон аввал зинда мондан (ин вожаи русӣ манзури маро рӯшантар баён мекунад "выживать”) аст. Дувум, ба васвоси маҳбубият миёни мардум, ки ба даст овардани он бисёр осон аст, дода нашавад. Ва саввум: бинависад, бинависад, бинависад!

Зафари Сӯфӣ: Мегӯӣ "қурбонӣ" кардан як вижагии азалии башар аст, ҳоло агар аз ҳамин дидгоҳ нигарем, оё вазъияти ба сари Зайд Саид омада қурбонӣ кардани ӯст? Чун ин қазия имрӯз хеле доғ аст, натавонистам аз канораш рад бишавам. Ба ҳар ҳол, дар мавриди қазияи ба сари Зайд Саид омада назари Сиёвуш чист?

Сиёвуш: “Намехостам феълан дар робита бо Зайд Саидов ин калимаро истифода кунам. Дар ҳар сурат, як Инсон барра нест, ки қурбонии ӯ чун як амали хайр ба ин соддагӣ бошад. Ҳанӯз маълум нест, поёни ин парванда ба куҷо мекашад. Умед аст, саранҷомаш нек бошад. Ҳарф сари ин аст, ки мақомоти дахил дар боздошти Зайд Саидов бо ин ҳама талоше, ки мекунанд, феълан натавонистаанд ҷомеаро, ҳам афроди оддиро ва ба хусус нухбаҳои фарҳангӣ ва сиёсии онро қонеъ кунанд, ки ин парванда ва ин қазия сиёсӣ нест, сирфан кайфарӣ ҳаст. Баръакс, бозгашти бепарво (албатта бархе мегӯянд, соддадилона)-и вай баъд аз эълони иттиҳомаш ба Тоҷикистон, аксариятро ба бегуноҳияш мутмаин ва ба қонунманд будани иқдомоти мақомот нобовар кард. Ҳоло ҳар иттиҳомоти ҷадиде, ки ба вай таҳмил мешавад, қазияро печидатар мекунад ва онро ба абсурд табдил медиҳад, комилан ба бунбаст мекашад. Баъзан ҳатто чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҳатто аз Худо мехоҳанд, ки ин қазия як навъ худ ба худ ҳал шавад ва аз ин дарди сар халос шаванд. Мегӯянд Зайдро вазъи саломатиаш хуб нест, Худо накарда коре шавад, ин барои Тоҷикистон нанге хоҳад буд, ки дигар бо ҳеч обе онро наметавон шуст. Аммо ба унвони як сиёсатмадор дар як давраи мушаххаси сиёсӣ, бале, Зайд Саидов як қурбонии сиёсӣ ва сиёсат аст. Дар ин росто назари Муҳиддин Кабирӣ ба ман наздиктар аст, ки аз шитобзадагӣ гуфт. Шитобзадагии ҳар ду тараф. Мо пайваста аз ҳар дару девор мешунавем, ки давлати як кишвари дунявӣ ва рӯ ба демократия наметавонад бидуни оппозитсия вуҷуд дошта бошад, аммо ин оппозитсия бояд конструктивӣ, созанда бошад. Инсоф бидиҳем, мухолифине, ки пайваста аз аҳамияти фавқулоддаи сулҳу субот дар кишвар мегӯянд, оппозитсияе, ки по рӯйи бисёр орзу ва ормонҳои худ гузошта, омодагии худро барои ҳамкории созанда эълом медорад, аз ҳама дару дарича ва панҷараҳои бозу баста ба маҳалли буду боши давлат сар мезанад ва салому дуруд мегӯяд, аз давлат ва давлатмардони кишвараш дар малои ом, дар назди дӯсту душманони дохилӣ ва хориҷиаш ҳимоят мекунад – магар констурктивизме бештар аз ин?! Магар созандагӣ ва хушбиние бештар аз ин?! Ман қодир ба дарки ин нестам, ки давлати мо кадом оппозитсияро дар баробари худ дидан мехоҳад. Як нуктаи бисёр махуф аст, ки бархе ба он бисёр таъкид кардаанд. Вақте давлати як кишвар оппозитсияи воқеан созандаро намепазирад, нерӯҳои дигаре аз ин истифода хоҳанд кард. Торихи нисбатан кӯтоҳи кишварҳои тозамустақил инро борҳо исбот карда аст.”

Зафари Сӯфӣ: Фикр мекунӣ чаро Зайд аз хориҷ баргашт? Намедонист, чи рӯзе ба сараш хоҳанд овард ё воқеан бовар дошт, ки дар кишвар адолат вуҷуд дорад? Ё шояд ӯро афроде мутмаин карданд, ки ҳеч коре бар зарараш нахоҳад буд?

Сиёвуш: “Зимнан, чанд мисрае, ки ҳамин шабу рӯз навиштаам:

Аз ҳисобу ҳасаби даҳр ту, ки дорӣ хабар
Рӯйи чӣ, рӯйи кӣ, эй дӯст, чунин кардӣ ҳисоб?
Нақди ҷонат ба кафи дасти кӣ биспурдӣ чунин?
Ин муаммои гиреҳбасти туро ҳаст ҷавоб?


Чи ҷойи ман, ки ошноии он қадар наздик бо Зайд надорам, ки ба ин муаммо пай барам. Ман аз сӯҳбатҳое, ки ахиран бо ину он доштам ва аз он чи ки имрӯзҳо пайваста аз тариқи расонаҳои гурӯҳӣ нашр мешавад ва ҳамагӣ мутолиа мекунем, чунин мефаҳмам, ки ҳатто наздиктарин касони Саидов аз ин кори ӯ шигифтзада ҳастанд. Афроди зиёде ба ӯ он вақт ҳушдор додаанд, ки бозгашташ ба Тоҷикистон хатар дорад, аммо мо ҳамагон шунидем, ки ӯ чи посух дод ва дидем, ки чи иқдом кард. Ман моилам ба ин фарзияе, ки гуфтӣ ва дар миёни ҷомеа бисёр густариш ёфта аст, бовар кунам, ки Зайдро дар кадом сатҳи бисёр ва бисёр олӣ мутмаин сохта ва гарантия додаанд, ки иқдомоти ниҳодҳои интизомӣ бар алайҳи вай як нофаҳмие беш набуда ва ба зудӣ рафъ мегардад. Аз ёд набарем, ки Зайд аз он теъдоди бисёр кам (агар нагӯем, ки танҳо фард) буд, ки баъд аз шикасти муоҳадаи "30Х70%" байни давлат ва мухолифин дар Тоҷикистон, то дер муддат дар ҷамъи давлатиён боқӣ монд, бо онҳо кор ва шарокат кард. Ба касе пӯшида нест, ки фаъолияти иқтисодии муштарак ва тиҷорати муштарак аз муҳкамтарин пайванди байни инсонҳост. Як муомилаи тиҷорӣ афродро хеле сахттар ва муҳкамтар ба ҳам гиреҳ мезанад, то пайванди хешу таборӣ ва акидатӣ. Аз ин назар ба эҳтимоли ғолиб Зайд Саидов фиреби касеро хӯрд. Мутаассифона, бо он ҳама таҷрубае, ки дар сиёсат ва дар тиҷорат дошт, аз ёд бурд, ки ин ду (сиёсат ва тиҷорат) падару модар надоранд.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)