Се садамаи нақлиётӣ ҷони 11 нафарро гирифт
Бар асари се садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8 ва 9 ноябр дар қаламрави кишвар ба вуқуъ пайваст, 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Бино ба иттилои БДА-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 8 ноябр ронандаи сабукрави «Мерседес-Бенс» Бобоёр Файзиеви 37 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 244-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд идораи мошинро аз даст дода, ба дарвозаи даромадгоҳи шаҳри Истаравшан бармехӯрад. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ се мусофири ин нақлиёт – Анварҷон Турсунови 28 сола, Саидҷон Муҳиддинови 38 сола ва як нафар мусофири шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
«Ронанда Файзиев Б. ва мусофири дигари ӯ Аслонхуҷа Шохоҷаев, соли таваллудаш 1989 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Автомашинаи мазкур, ки бо гази моеъ таҷҳизонида шуда буд, дар натиҷаи бархӯрдан сӯхтор ба амал омада, онро пурра корношоям гардонидааст»,-хабар медиҳад манбаъ.
Ҳамчунин, дар ҳамон рӯз (08.11.2013) ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Мансур Ҳаитов, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдухолиқ Ғиёсов, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросонро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. «Сипас ҳаракаташро давом дода, дар километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Даҳана-киики ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба канори чапи роҳ баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст»,-навиштааст торнамои ВКД.
Сониҳаи сеюм субҳи рӯзи шанбеи 9 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин садама, ки ду мошини тамғаи «Опел» ба ҳам бархӯрдааст, сарнишинҳои онҳо- Юсуфи Фирдавсӣ, соли таваллудаш 1979 ва Сабзалӣ Олимов, соли таваллудаш 1985, ҳамчунин чор мусофири ин ду мошин ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |