"Ихвонулмуслимин"-и Сурия ҳизби сиёсӣ таъсис медиҳанд
Ҷиноҳи Ҳаракати сиёсии “Бародарони мусулмон” ё худ “Ихвон ал-муслимин” дар Сурия аз ташкили ҳизби сиёсии худ дарак медиҳанд.
Ба иттилои нашрияи арабзабони “аш-Шарқ ал-Авсат”, ин ҳизби сиёсии сурӣ таҳти унвони “Ҳизби озодӣ ва қонуни миллӣ” ба фаъолияташ оғоз хоҳад бахшид. Алӣ Садриддин, яке аз ташаббускорони ҳизби мазкур гуфтааст, ки раҳбарии Ҳизби озодӣ ва қонуни миллиро Муҳаммад Валид, яке аз ҳамтоёнаш ба зимма гирифта, муовини ӯ як кашиши масеҳӣ таъйин мешавад.
Манбаъ мегӯяд, ин ҳизб яке аз шохаҳои Ҳаракати “Бародарони мусулмон” маҳсуб ёфта, аъзои он дорои таҷрибаи бой дар умури сиёсию миллӣ мебошанд. Ҳаракати сиёсии “Бародарони мусулмон”, ки яке аз бузургтарин ҳаракати исломии суннӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Он соли 1928 аз сӯи Ҳасан ал-Бано, донишманди мисрӣ дар шаҳри Исмоилияи ин кишвар ташкил шудааст. Ин ҳаракат дар бештари кишварҳои арабнишин низ тарафдорону ҳаводорони худро дорад.
Фаъолияти “Бародарони мусулмон” дар Миср то сарнагунии ҳукумати диктотурии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 мамнуъ хонда шуда буд. Вале баъд аз рафтани Муборак ду бора ба фаъолияти ин гуруҳ иҷоза дода шуд ва дар натиҷа онҳо ҳизби сиёсии худро низ таҳти номи “Ҳизби адолат ва озодӣ” таъсис дода, дар интихоботи президентии Миср яке аз раҳбарони он Муҳаммад Мурсӣ ба рақибонаш пирӯз шуда, раисиҷумҳури баргузидаи мардуми мисрӣ эълон шуд. Аммо баъд аз инқилоби низомӣ Муҳаммад Мурсӣ барканор шуда, фаъолияти ин гуруҳи сиёсии исломӣ бори дигар дар қаламрави Миср манъ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |