Дуои муфтӣ барои 7 соли ояндаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз раванд ва натоиҷи интихоботи президентии 6 ноябр истиқбол карда, онро нишонаи хирадмандии Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик хонд.
Абдулқодирзода, ки рӯзи 8 ноябр дар як суханронии хеш дар ин бора ибрози назар мекард, гуфт, ин нишонаи хирадмандии мардуми Тоҷикистон аст, ки инсони сазовору ободкор ва ҷонфидои ободии кишваро интихоб намудааст. Раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз нооромиҳои дохилии кишвар дар солҳои 90-ум ёдовар шуда, афзуд: “Ҳамаи мо рӯзҳои рехтани хуни ноҳақ, зулму истибдод ва касофатиро дидем. Вале Худованд бо фазлу карами хеш бо дасти ин ҷавонмарди хирадманд кишвару оромии онро дубора барқарор кард ва бо сарварии ин хирадманд чӣ қадар ватани мо обод шуд.”
Ӯ гуфт, боре Душанберо ба 20 соли қабл муқоиса кунед, ки то куҷо тағйир ва пешравӣ дар он шудааст: “Чӣ қадар биноҳо бунёд ва роҳҳо cохта шудааст. Ҳар рӯз як корхона ифтитоҳ мешавад. Мо бояд шукрона кунем, ки интихобот ором гузашт ва ин албатта, нишонаи хирадмандии ин миллату мардум аст.”
Абдулқодирзода дар охир аз ҳамагон даъват кард, ки дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дуои хайр намоянд: “Дуо мекунем, ки Худованд ин пирӯзиро барояш муборак ва боз ҳам нияту иродаву ақидаашро манфиатдортар барои миллат гардонад. Ин пешравиҳое, ки шуду ният дорад, Худованд барои ҳамаи хидматҳояш аҷру подош диҳад ва дар оянда комёбию адлу инсоф рӯзияш гардонад.”
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор шуда, тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, ки натиҷаҳои муқаддамотии онро эълон кард, Эмомалӣ Раҳмон бо касби беш аз 83 дар сади оро барои ҳафт соли дигар раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ба ин тартиб, оқои Раҳмон барои бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай дар интихоботҳои соли 1994, 1999 ва 2006 низ бар рақибонаш дастболо шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |