Алмосбек Отамбоев ба Эмомалӣ Раҳмон: Пирӯзии Шумо нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик аст
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар барқияи шодбошие Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикашро, ки дар интихоботи рӯзи 6 ноябр баранда шуд, таҳният гуфтааст. Дар номаи ӯ гуфта мешавад, “Пирӯзии комили Шумо дар интихобот нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик ба Шумо ва хидматҳои Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аст”.
Ба гуфтаи Отамбоев, робитаҳои анъанавии дӯстӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамасола беш аз пеш фарогиртар шуда, ба худ хусусияти динамикӣ касб мекунанд: “Ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои муштараки фаъол ҷиҳати таибиқи мувофиқатномаҳоямон, ки ба манфиати халқҳои бародари мо нигаронида шудааст, баён менамоям”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |