Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз 16 ноябр: Кӣ мемонад, кӣ меравад?
Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳукумати кишвар баъд аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб ба истеъфо хоҳад рафт. Тибқи хабарҳои расида, ин маросим, қарор аст, 16 ноябри соли ҷорӣ сурат пазирад.
Коршиносон дар гузашта ҳадс мезаданд, ки баъд аз интихоботи президентӣ дар мақомоти раҳбарикунандаи кишвар тағйироти ҷиддии кадрӣ ба вуқуъ мепайвандад. Зимнан, аз синну соли бархе аъзои ҳукумат ҳам ёд мешуд, ки марзи нафақаро гузаштаанд.
ҲУКУМАТИ КУНУНИИ ТОҶИКИСТОН: КӢ, ЧӢ, КАЙ, ДАР КУҶО?
Қонунгузории Тоҷикистон синни нафақаро барои мардҳо 63 ва барои занҳо 58 сол муайян кардааст. Феълан, синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон 56 солро ташкил медиҳад ва панҷ узви ҳукумат алакай аз ҳадди муқаррарнамудаи синни нафақа гузаштаанд.Ба андешаи Шумо, кадоме аз аъзои ҳукумати феълӣ ба ҳукумати “нав” меравад ва киҳо ба истеъфо? Кӣ дар вазифааш мемонад ва кӣ вазифаи нав мегирад? Назару пешниҳод ва пешгӯиҳои худро бинависед ва якҷоя мунтазир мешавем, ки то куҷо дуруст пешгӯӣ кардаем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |