Имиҷи исломии духтари президент: Рӯсарӣ, тасбеҳ...
Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон, дар саҳифаи Твиттери худ аксеро гузоштааст, ки ӯро дар имиҷи нав инъикос мекунад.
Дар ин акс ӯ бо рӯсарӣ, куртаи миллӣ ва тасбеҳ дар даст тасвир ёфта, инчунин, порае аз ояти Қуръони Каримро аз сураи “Бақара” овардааст. Аксҳои духтари бузурги Ислом Каримов қаблан бо либосҳои аврупоӣ ва нимбараҳна зиёд дар расонаҳо нашр шуда буд, аммо барои аввалин бор аст, ки чунин як акси ӯ ба интернет роҳ меёбад.
Ахиран дар мавриди муносибати сарди Гулнора бо падараш Ислом Каримов сару садоҳои зиёде бархостааст. Ду ҳафта пеш якбора пахши барномаҳои се радиое, ки дар ҳайати ширкати “Terra group”-и мутаалиқ ба духтари бузурги президенти Узбакистон, қатъ гардид. Баъдан, 4 шабакаи телевизионии зери назорати Гулнора Каримова ҳам аз эфир “ғайб” зад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |