Бахшҳо

Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз 16 ноябр ба истеъфо меравад

Ҳукумати Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвар баъд аз 16 ноябр, яъне пас аз маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон ба истеъфо хоҳад рафт.

Ин яке аз талаботи қонуни конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият оғоз кардани президенти тозаинтихоб бояд амалӣ шавад. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи ахир бо 83,6 дарсади раъйи мардум бори чорум президент шуд, 16 ноябр, дар ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумон, дар назар аст.

Истеъфои ҳукумат дар ҳоле дар назар аст, ки айни ҳол бисёре аз вазирону раҳбарони кумита ва идораҳои давлатӣ ба синни нафақа расидаанд. Ҳоло синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон 56 солро ташкил медиҳад. Бар асоси қонун дар кишвар синни нафақа барои мардҳо 63 ва занҳо 58 сол муайян шудааст. Айни замон панҷ узви ҳукумат алакай аз ҳадди муқарраргардидаи синни нафақа гузаштаанд. Муҳлати миёнаи будубоши аъзои ҳукумат дар вазифаҳои феълияшон 5 солро ташкил медиҳад. Аз рӯи муҳлати ишғоли вазифа, Шералӣ Хайруллоев, рекордсмен аст, ки 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳайати ҳукумат ҳамагӣ 2 зан кор мекунад. 13 узв ё худ 61,4 дарсади аъзои ҳукумати феълӣ зодаи вилояти Хатлонанд. Аз ҷумла, 7 нафар ё 33,3 дарсад аз ноҳияи Данғара мебошанд. Вилояти Суғдро дар ҳукумати феълӣ 5 нафар намояндагӣ мекунанд, ки 23,8 дарсади аъзоро ташкил медиҳад. Аз ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳайати ҳукумат 2 нафар (9,5%) ва аз вилояти Бадахшон 1 нафар (4,7%) кор мекунад.
Мӯҳр
маывф
Баъзе вазирош уже тар кардан.

Шералӣ Хайруллоев, рекордсмен аст, ки 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон мебошад. Бади ба пенсия рафтанаш лифои Точикистон БОЯД АЗ НАВ шАВАД Этих неграмотных во главе должны заменит на боле грамотных военных. В случае отсутствие оброзованого трезомислиший достойиного военоначальника в трех регионов Таджикистанс не найдете то 4 регион ГБАО может окозать Вам помошь у нас в этом году ребята окончили 11 классов которые паказали 2012 году где раки зимуют

маывф,
Ин ҳам ҳоло ҳеҷ гап не. Баъзеашон сактаи дил мешаванд. Охир онҳо вазифаи давлатиро якумрӣ мепиндоранд. Зиндагии бе вазифа ва бе пулҳои дохили дипломатро ба худ "катастрофа" медонанд. Лекин ман фикр намекунам, ки Э.Р. касеро сахт хафа кунад. Билохира ҳамаи онҳо барои ӯ кӯшиш карданд.

Где мое коментарии где свобода слова озодагон ВЫ СУШЕСТВУЙТЕ ДЛЯ государство или для народа скажите

Oзодагон где мое каментарии почему не коментируйте Вы случайно не сотрудники КГБ или испугалис довайте мое каментарии

safarjon,
Инқадар исми хушсалиқаи тоҷикӣ (Сафарҷон)дошта, худро русидон мегирӣ? Навистагиат пур аз хатои имловӣ аст. Беҳтар нест, ки бо забони ширини тоҷикӣ бинависӣ? Чаро аз забони модариат ҳазар мекунӣ? Боз хафа шудаи, ки шарҳи туро нашр намекунанд. Ин нашрияи тоҷикии-форсӣ аст. Инҷо ОШИҚОНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ сухан мекунанд.

Хуб мешуд хамаи вазирону раисони кунуниро президент аз вазифаашон озод намуда, ба чойхояшон мутахассисони варзидаи чавонтарро таъин менамуд, зеро дар чомеа мушкилихои халталаб хеле зиед шудааст, мардум аз президенти тозаинтихоб умедхои зиед дорад. Аксарияти онхое, ки имруз дар Хукуматанд аз ухдаи кор ба хуби набаромаданд !

Акаи Юсуф, хамин забони хаттии точикиам дуруст аст ва е галат чой дорад ? :)

Dev
Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз 16 ноябр ба истеъфо меравад va pas az yak hafta ba kori doimii hud pas megardad wink !
wink wink

Rustam,
Шояд ту аз тариқи телефон мукотиба мекунӣ, ки овозҳои хоси тоҷикӣ (қ,ғ,ҷ,ӯ,ӣ) ифода наёфтаанд. Дар компютер ин ҳарфҳоро ҷобаҷо кардан мумкин аст. Ба ҷуз ин камбудӣ, боқӣ ҷумлаҳоят олиянд.

Р.S. Такмил додани забон ҳеҷ душворие надорад. Фақат бештар китоб хондан лозим аст.

фирдавс
бо и маълими ЮСУФ ай кучо пайдо шуд намемона мардум нависа хатоги кофтестай Хатогии вазирора ай рохбарора намебини Мон ду студенти камбаfал ягон чи нависа

али
ин вазиро аз бобояшон мерос гирифтагианд!

ин вазиро аз бобояшон мерос гирифтагиаанд!

фирдавс,
"Студенти камбағал" бояд аз паси донишандӯзӣ бошад, наинки шабу рӯз паси компютер нишаста, сайтҳоро варақ занад. Дуввум инки, кӣ гуфтааст, ки донишҷӯён камбағаланд? Дар шароити имрӯза ягон фарзанди ашхоси камбизоат ба донишгоҳҳо наздик шуда ҳам наметавонад. Сеюм инки, ҷумла навистӣ, ӯро бояд дубора ё се маротиба таҳрир карда, баъд ба нашр бифиристӣ. Қоида ҳаминро талаб мекунад. Ҳар коре кардӣ, ӯро тоза бикун! Намефаҳмӣ ё намедонӣ, аз дигарон бипурс. Ҳамин беҳурматӣ нисбат ба забони модарӣ ҳаст, ки сар то сари мамлакат лавҳаву шиорҳои фачу бемантиқу ғалат пур шудаанд. Баъзеҳо бесаводии хешро паси пардаи "забони тоҷикиро душвор карданд, мо намефаҳмем" пинҳон мекунанд. Вале ин фирқаро забони русиашон аз он ҳам бад аст. Шарҳи русии дар боло зикршуда ҳамин гуна мисол аст.

Оли бген аку рузи 16 рузи ДИЛЗАНАКАЙ ))))))))

Барои чи хукумати Точикистон ба таърихи гузашта такя мекунад? Магар таърих гуфтанки давлат таракки мекунад? Холо асри 21 аст. Асри илми техника бояд хама бо илму техника на3ар афкананд, наинки ба таърихи гузашта! Илтимос инкадар таърих таърих нагуед? Агар хукумат бо таърих кор кунад Точикистон хеч гох ба пеш намеравад!

Барои чи хукумати Точикистон ба таърихи гузашта такя мекунад? Магар таърих гуфтанки давлат таракки мекунад? Холо асри 21 аст. Асри илми техника бояд хама бо илму техника на3ар афкананд, наинки ба таърихи гузашта! Илтимос инкадар таърих таърих нагуед? Агар хукумат бо таърих кор кунад Точикистон хеч гох ба пеш намеравад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)