"Мақсад бе обрӯ кардани Амонуллои Ҳукуматулло аст"?
Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон бо ирсоли мактубе унвонии рӯзномаи “ИмрӯзНюс” ба садамаи нақлиётие дахл кардаанд, ки тақрибан як моҳи қабл бо ширкати Расули Амонулло, писари Амонуллои Ҳукуматулло, раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба вуқуъ пайваст.
Дар ин номаи сесаҳифагӣ, ки бо имзои Гулчеҳра Ҷалолова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён ва наздики 15 нафари беному насаб навишта шудааст, ВАО дар тобиши сиёсӣ додани ин садама ва паҳн намудани маълумоти бардурӯғу асоси воқеӣ надошта муттаҳам мешавад. “Ҳамаи хабарҳои вобастаи он ҳодиса дурӯғгу беасос ва хаёли бофтаи муаллифон буда, мақсад танҳо ҳарчӣ бештар беобрӯ кардани Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Амонуллои Ҳукуматулло асту халос”,-омадааст дар мактуб.
Дар идомаи нома гуфта мешавад, “биёед, таънаву маломат, кизбу дурӯғ ва ғаразҳои сиёсии худро як сӯ гузорему то ҳалли ниҳоии масъала “тутхӯрӣ” накунем. Зеро вайронкориву сияҳкорӣ ва бадном кардани шахсе кори чандон мушкил нест, вале то як корхонаи бақарзғӯтидаро пешрав, гӯшаи вайронаеро обод ва фарзанди некӯ ба камол расонидан бас ҷигарҳо хун мегардад”.
Назири Нусрат, корманди масъули “ИмрӯзНюс”ба “Озодагон” гуфт, қисмати бештари ин мактубро “таърифҳои болохонадори Амонуллои Ҳукуматулло ва дастовардҳои ӯ ташкил медиҳад”. Ба гуфтаи ӯ, дар ин нома ба наздикони қурбониёни садама изҳори ҳамдардӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки худи Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар баёнияе, ки онро нашрияи "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёт чоп карда буд, унвонии пайвандони афроди дар садама кушташуда ҳеч ҳарфи тасаллияте назада буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар иттилоияе хабар дод, ки “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло шаби 9-уми ноябр дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст”. Дар пайи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") ҷон бохтанд. Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад. Номи Умар Шарифов дар ин садама бори нахуст аз забони мақомот садо медиҳад. Нахуст мақомот дар ин садам Асрор Ҳукумови 21-сола, ки гуфта мешавад, ҷиняи Амонулло Ҳукуматулло будааст, муттаҳам карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |