Боздошти як сокини Исфара ба иттиҳоми куштор
Мақомоти пулиси ноҳияи Исфара як сокини 43-солаи маҳаллиро ба иттиҳоми куштор боздошт кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони Шуъбаи корҳои дохилии Исфара Умед Бобоеви 43-соларо боздошт кардаанд, ки дар марги Суҳроб Турдиеви 40-сола, истиқоматкунандаи ин ноҳия гумонбар дониста мешавад.
Манбаъ мегӯяд, миёни Бобоев ва Турдиев муноқашае ба миён омада, Бобоев бо нияти қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ бо сатили обгирӣ ба сари Турдиев задааст, ки бар асари ин дуюмӣ баъд аз як рӯзи бистарӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |