Бахшҳо
08 ноя 2013 10:55Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Видео: Интиқоли Умедҷон Тоҷиев аз беморхона ба СИЗО

Умедҷон Тоҷиев, як сокини ноҳияи Исфара, ки дар “ташкил”-и гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад, аз беморхона ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст.

Умедҷон Тоҷиев рӯзи 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда ва бо қарори додгоҳи Исфара ба 10 рӯзи зиндон маҳкум гардида буд. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон оварданд. Мақомот гуфтанд, Умедҷон Тоиев, увзи Ҳизби Наҳзати Исломӣ, худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Тоҷиев дар ҳоле ба СИЗО бурда шудааст, ки ӯ тули чанд шабонарӯз дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии Исфара бистарӣ буд.

Модари Тоҷиев, ки ин ҳама гуфтаҳои мақомотро беасос медонад, аз он нигарон аст, ки бо гузашти чанд рӯз наметавонад, ба дидори писари маҷруҳаш мушарраф шавад. Ин модари пиронсоли тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, то ба қазияи писараш дахл кунад. Чун ӯ мегӯяд, танҳо дар ин сурат ба тафтишоти одилонаи парвандаи ҷиноии бозшуда алайҳи Тоҷиев бовар дорад.



Аз сӯи дигар, бародари Тоҷиев, ки ӯ низ аслан ба гуноҳи бародарбузургаш бовар намекунад, мегӯяд, Умедҷон Тоҷиев ҳангоми савдо дар бозори Исфара бидуни ягон шарҳу тафсил боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ интқол ёфтааст. Ӯ меафзояд, ки танҳо баъд аз муроҷиат ба додситонии ноҳия ва дахолати ин ниҳод, кормандони пулиси Исфара гуфтаанд, ба иттиҳоми авбошӣ Тоҷиевро дастгир кардаанд.



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи кишвар низ дар пайи ин ҳодиса, як ҳайати худро барои ошноӣ бо вазъи сиҳҳат ва қазияи Умедҷон Тоҷиев , узви худ ба шаҳри Исфара фиристодааст. Муҳаммадкарими Орзу -- муовин ва Зарафо Раҳмонӣ -- мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ ба ҳайати эъзомшудаи ин ҳизб ба Исфара шомил будаанд.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара хабар дода, гуфта буд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад. Мақомот мегӯянд: “рӯзи 2 ноябр нисбат ба Умедҷон Тоҷиев дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи Додситонии шаҳри Исфара парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 187, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ташкили иттиҳоди ҷиноӣ оғоз карда шуд. Баъд аз анҷоми пурсиш Тоҷиев бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардошта, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милиса ба беморхона оварда карда мешавад.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)