Раҳпаймоии Ҳизби комунист алайҳи афзоиши арзиши хизматрасониҳо
Дар Қарагандаи Қазоқистон бузургтарин гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо ин гирдиҳамоӣ бо ташаббуси Ҳизби комунистии Қазоқистон созмон ёфта, афроди дигар шаҳру навоҳии кишвар ҳам ба он пайвастаанд.
Шабакаи телевизионии “31”-и Қазоқистон хабар додааст, ки эътирозгаронро дар чор мусофиркаш овардаанд, ки ду тои он аз Павлодар ва Кокшетау ҳаракат кардааст. Ширкатдорони гирдиҳамоӣ талаб кардаанд, нархномаҳои хизматрасониҳои комуналӣ давоми чанд соли дигар баланд бардошта нашавад. Ҳамчунин, онҳо алайҳи аз 50 ба 80 танга зиёд кардани роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ эътироз намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |