Интиқоди Амрико аз интихоботи президентии Тоҷикистон
Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бо пахши як изҳорот интихоботи 6 ноябри Тоҷикистонро зери бори танқид қарор додааст.
Ин ниҳоди амрикоӣ гуфтааст, барои раъйдиҳандагони тоҷик дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон шароити воқеии овоздиҳӣ фароҳам нашуда буд. Ба гуфтаи Департаменти давлатии Амрико, ин маъракаи муҳими раъйдиҳии Тоҷикистон камбудҳои ҷиддӣ доштааст.
Ҷен Псакӣ, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида изҳор доштааст, кишвараш натиҷагириии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро қабул дорад: “Ҳарчанд як интихоботи мусолиматомез баргузор шуд, вале маҳдудкунии шароит барои сабти номзадҳо мунҷар ба тақрибан аз байн рафтани гуногунандешию озодбаёнӣ ва интихоботи воқеӣ гардидааст".
Инчунин, Ҷен Псакӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар раванди интихоботи президентии Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ ба мушоҳида расидааст. Бархе раъйдиҳандагон аз ҷониби пайвандони худ низ овоз додаанд: “Аз ин рӯ, мо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб дорем, ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ин камбудҳоро бартараф кунад.”
Вазорати умури хориҷии ИМА низ аз ҳукумати Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи кишварро бар асоси тавсияҳои САҲА талаб кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, бояд ба ВАО барои пӯшиши раванди интихобот бештар озодӣ дода шавад. ИМА ба ҳар сурат иброз доштааст, ки Тоҷикистон дар самти беҳбудии баргузории интихобот ба пешрафтҳое ноил шудааст, вале боз ҳам каме камбудҳо боқиянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |