Бахшҳо

ВИДЕО: Латту кӯби Абдумалики 22-сола ҳангоми “облава”

Абдурасул Сатторов, як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз латту кӯб шудани писари 22-солаи маъюбаш аз сӯи кормандони яке аз комиссариати ҳарбии пойтахт шикоят дорад. Вай мегӯяд, рӯзи 25 октябр ба додситонии ҳарбии пойтахт аз болои ин “авбошон”-и комиссариати ҳарбӣ шикоят бурда, вале бо гузашти беш аз 10 рӯз ҳанӯз посухе дарёфт накардааст.

Сатторов дар суҳбат бо Ozodagon.com гуфт, рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ шаш тан аз кормандони яке аз комиссариати ҳарбии Душанбе, ки барояшон номаълум аст, дар наздикии масҷиди маъруф ба “Мехкалон” ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” писараш – Абдумаликро шадидан зери зарбу шатта қарор додаанд.



Абдумалики Абдурасул, ки тоза аз бемористон мураххас шудааст, мегӯяд, дар роҳ ба сӯи маҳалли кораш бо ин кормандони комиссариати ҳарбӣ рӯбарӯ шуда буд. Ба гуфтаи Абдумалик, онҳо бидуни шиносоӣ ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, хостаанд, ба микроавтобуси навъи “Старекс” иҷборан савор кунанд. Вале ҳангоми пурсидани ӯ, ки “Шумо кӣ ҳастеду маро куҷо бурданиед”, шадидан мавриди латту кӯб аз сӯи эшон қарор гирифтааст. Абдумалик дар сӯҳбат бо Ozodagon.com афзуд, ҳангоме ки роҳгузарон ва шоҳидони ҳодиса мехостанд, ӯро аз зери шаттаи кормандони комиссариат наҷот диҳанд, онҳо ба роҳгузарон гуфтаанд, ки наздик нашавед, ин ҷавон дузд ҳасту мо ӯро дастгир кардаем. Инчунин, ин ҷавони маъюби тоҷик мегӯяд, дар қазияи латту кӯбаш аз сӯи кормандони комиссариат тақрибан 300 доллар ва зиёда аз 200 сомонии ӯ аз ҷайбаш ғайб задааст.

ВИДЕО: Латту кӯби Абдумалики 22-сола ҳангоми “облава”Ба гуфтаи падари Абдумалик, тибқи хулосабарории табибон дар пайи ин латту кӯби кормандони комиссариат сари писараш сахт лат хӯрда, ба бемории “ҷунбиши майна” гирифтор шудааст, ки чанд муддат бояд дар беморхона бистарӣ ва то як муҳлат аз иҷрои корҳои ҷисмонӣ худдорӣ кунад. Оқои Сатторов илова кард, ҳарчанд табибон ба бистарӣ шудани писараш дар беморхона исрор кардаанд, вале ӯ аз тарси “ҳамлагарон”-и комиссариат, ки шояд ба беморхона низ барои “аёдат” оянд, рад кардааст.

Сатторов иброз намуд, худ собиқ корманди низомӣ ҳасту дар ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон иштирок доштааст ва ӯ ҳамеша ҷонибдор мебошад, ки фарзандонаш дар сафи Артиш хидмат намоянд: “Аммо ин писарам дар хурдӣ аз сар захм бардоштааст ва чанд моҳ пеш низ табибон ӯро озмоиш карда, гуфта буданд, ки барои ӯ ҳоло рафтан ба хидмати ҳарбӣ мумкин нест.”

Ин падари нафақахӯри 67-солаи тоҷик ва маъюби дараҷаи 2 аз он ибрози ташвиш дорад, ки ягона шахси кумакунанда ба ӯ дар пайдо намудани нафақаи оилааш Абдумалик мебошад ва ҳоло ӯ дар ин вазъият қарор дораду худ аробаи зиндагиро пеш мебарад. Масъалаи даъвати иҷборӣ ё “облава” ҳамеша мавриди баҳси ҷомеаи Тоҷикистон қарор доштаасту дорад. Худи масъулони Вазорати дифоъ ҳам вуҷуди “облава”-ро таъйид карда, аммо гуфта буданд, даъвати маҷбурӣ танҳо дар сурате роҳандозӣ мешавад, ки агар ҷавонон аз хидмати низомӣ саркашӣ намоянд.


ВИДЕО: Латту кӯби Абдумалики 22-сола ҳангоми “облава”

ВИДЕО: Латту кӯби Абдумалики 22-сола ҳангоми “облава”
Мӯҳр
рыв
Прокуратураи харби аз конуншиканихо дар вакти облава дарак доранд. Онхо накши худро танхо дар он мебинанд, ки агар ягон кас мурочиат кунад то фарзандашро халос кунанд, доляаашонро гирифта ба военкомат занг мезананд. Барои хамин хам ягон кас чазо нахохад гирифт.

Salom arz mekunam xidmati korbaroni somonai ''Ozodagon'' i da kijoi yak bechorai bekasay amura gam metan, Hdovand dar hami ruzi jumai buzurg hamai i zolimora sarnagun bgardona ameen ...

Abdulloh
In tojiki mo kay az huquqi xud difo' kardanro meomuxta boshand.... Oxi 10 ruz ba bemorxona bistari kun majbur kun ki delai jinoi kushoyand . Eeee beaqleee

ин тухмат аст, аз хизмат мегурезад у мегуяд ки бемор ост ва аз беморхона нав чавоб шудааст аммол бо ба кор мерафтаасту дар чайбаш боз 300 долару 200 сомони доштааст ин хама дуруг.

Чунин бедодгарихо набояд дар чомеаи навини мо, ки хар руз аз конститутсия ед меоварему мегуем, ки он кафили таъмини хукуку озодихои шахрвандон мебошад, чой дошта бошад. Охир мо солхои бедодгарихои чанги шахрвандиро кайхо боз паси сар кардем, чаро кормандони комиссариатхои харби, ки худ намояндагони сохтори кудратии давлат мебошанд дар байни мардум чунин рафтори чиноятиро раво мебинанд?. Аз чунин рафтори ношоистаи якчанд нафар кормандони вазорати мудофиа боварии мардум ба артиш милли боз хам коста гардида, хохиши хизмати чавонон дар сафи артиш пурра аз байн меравад. Агар ин писар мавриди лату куб ва аз пули хеш махрум гардида бошад, пас аз болои чунин нафарон хатман делои чинояти бояд боз карда шавад, вагарна кани адолати суди, кани озодихои шахрвандие, ки дар борааш харруз харф мезананд ?

Ба комисариятхои харби дигар карибки бовари намондааст! Мисоли одди комисариати нохияи Варзоб! Чорум даъват мешавад, ки нишонии чавонеро, ки бояд рафта хизмат кунад медихем, аммо бе фоида. Агар пеш раванд шояд лукмаи хурдаашон аз дахонашон берун афтад. Кадом комисариати харби халол кор мекард? Мархамат, фарзанди мардумро азоб надода ба нохияи Варзоб чамоати Чорбог дехаи Дараи Бедо равед! Даъватшаванда Саидов Халил Абдучабборович падараш як гови хонаашонро ба дахони комиссари нохияи Варзоб андохтааст. Ки метавонад номбурдаро хизмат барад?

ДЕВОНААН ИН АБЛАВЧИКО БОВАР КУНЕД МАРО ЯК БОР ДАСТГИР КАРДА БУДАНД ЛЕКИН БО ИВАЗИ 200$ МАРО БО МОШИНИ ХУДАШОН АЗ НАЗДИ ВОЕНКАМАТ БА ХОНА БУРДАН

ганда гузарондагияннннннннннннннннннн,

Зоиров
Ами аблава кай сар мешава ма гурехта расия равам касеки донад хабар дихад

барои чи беморро мебаранд хидмат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)