Кабирӣ интихоботи 6 ноябрро “бохти миллати тоҷик” номид
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки бо як сафари ғайрирасмӣ дар Туркия қарор дорад, интихоботи президентии 6 ноябрро “бохти воқеӣ барои миллати тоҷик” хонд.
Вай дар як тамос бо Ozodagon.com гуфт, “агар Эмомалӣ Раҳмон низ худро ҷузъи ин миллат медонад, пас, ӯ ҳам дар маҷмӯъ бохтааст”. Ба қавли оқои Кабирӣ, давраи оянда барои Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама душвор хоҳад шуд, “зеро даҳҳо масъалаи ҳалнашударо худ ба худаш аз давраҳои қаблӣ ба мерос гузошт, ҳол он ки тибқи ваъдааш он масоил кайҳо боз ҳалли худро меёфтанд. Даҳҳо масоили дигар изофа хоҳанд шуд, ки бузургтаринаш ҷавобгӯ будан ба ниёзҳои насли нав аст.”
Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар идомаи сӯҳбаташ бо Ozodagon.com афзуд, ҷаноби Раҳмон бояд дарк карда бошад, ки рақамҳои эълоншуда аз натиҷаҳои интихобот низ воқеӣ нестанд, “бахусус, фоизи ширкаткардагон дар интихобот. Намедонам, оё ӯ метавонад ин ҳама иштибоҳоти гузаштаро дар ин давра ислоҳ кунад, ё не. Оне, ки кишвар ба як тағйирот ниёз дорад, ба ҳама маълум аст ва ӯ бояд исбот кунад, ки тарафдори тағйирот дар сиёсат, иқтисод ва умуман услуби давлатдорист.”
Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, барои ин кори зиёде аз ӯ талаб намешавад, кофист, ки ислоҳоти решаиро баъд аз интихобот оғоз намояд: “Бояд бифаҳмад, ки ислоҳот танҳо ба нафъи ҷомеа ва миллат нест, ба худи ӯ низ лозим аст. Хуб мешуд, як бор консепсияи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳро меомӯхт, аз он метавонад барои ислоҳоти оянда идеяҳои зиёде пайдо намояд. Вале, боз ҳам агар аз рӯйи принсипи "ё ҳама чиз, ё ҳеч чиз" амал намояд, мушкилии худро бештар намудаасту халос.”
Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳизбаш гуфта буд, аз ширкат дар интихоботи президентӣ худдорӣ мекунад, як ҳафта пеш аз баргузории интихоботи президентӣ аввал ба Қатар ва баъдан ба Туркия рафт. Вай дар сӯҳбати пешинааш бо Ozodagon.com гуфта буд, зарурати онро намебинад, ки дар рӯзи интихобот ба Тоҷикистон биёяд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |